Таҳдиди нави Русия ба Гурҷистон

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфтааст, ки агар нирӯҳои Гурҷистон тибқи нақшаи нави оташбас ба пойгоҳҳои худ барнагарданд, Русия метавонад аз тадобири иловагӣ кор бигирад. Дар ин бора аз қавли Лавров хабаргузории Интерфакс хабар дод.