Дар ҳисоби умумидастаӣ дар Олимпиадаи тобистонӣ, ки дар Пекин дар ҷараён аст, феълан тими мунтахаби олимпии Чин бо касби 16 медал – 10 тило, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ – дар ҷои аввал қарор дорад.
Дастаи мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 20 медал – 6 тило, 6 нуқра ва 8 биринҷӣ – дар ҷои дувум аст. Дастаи мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ 10 медал – 5 тило ва 5 нуқра – гирифта, дар радифи севум қарор гирфтааст.
Умуман, дар ҳоли ҳозир варзишгарони 40 кишвари ҷаҳон соҳиби медалҳои олимпӣ гардидаанд.