Ағлаби кишварҳои собиқ шӯравӣ барои варзишгаронашон, ки дар бозиҳои олимпии Пекин муваффақона ҳунарнамоӣ мекунанд, ҷоизаҳои ҳангуфте муқаррар кардаанд.
Аз ҷумла, се кишвари Қафқоз – Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон – барои варзишгарони хеш, ки соҳиби нишони тило мегарданд, мувофиқан 715 000, 700 000 ва 600 000 доллари ИМА ҷоиза хоҳанд дод. Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин ҷоизаро метавонанд варзишгарони қазоқ ба даст оваранд. Тавре Елсиёр Қаноатов, раиси Идораи тимҳои миллӣ ва захоири варзишии Қазоқистон, мегӯяд, Ҳукумати Қазоқистон барои қаҳрамони олимпӣ 250 000 доллари амрикоӣ, барои мақоми дувум 150 000 ва барои ҷои севум 75 000 доллар ҷоиза хоҳад дод.
Ҳамчунин Ҳукумати Қазоқистон он варзишгаронашро, ки дар Пекин то ҷои 6-умро ба даст меоранд, соҳиби ҷоизаҳои пулӣ мегардонад. Мувофиқан, ин ҷоизаҳо 30 000, 10 000 ва 5 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар ибтидо Русия ба варзишгаронаш чандон ҷоизаи калон муқаррар накарда буд. Вале дар Пекин Владимир Путин, сарвазири ин кишвар, мегӯяд , ки ҳукумат ҷоизаи варзишгаронашро ду маротиба боло бурдааст ва он алъон чунин аст: ба қаҳрамони олимпӣ 100 000 евро, ба ҷои дувум 60 000 ва ҷои севум 40 000 евро. Ҷоизаи Укроин низ барои мақоми аввал анқариб 90 ҳазор евро аст. Ин дар ҳолест, ки аз ҳарду кишвар варзишгарони зиёде дар Бозиҳои олимпӣ ширкат доранд. Аз ҷумла, анқариб 450 варзишгари Русия барои дар байни ширкатдорон ба даст овардани мақомҳои аввал талош доранд.
Ҷоизаи ҳамсоякишвари Тоҷикистон Қирғизистон, ки дар Пекин 21 варзишгараш қувва меозмояд, низ анқариб бо ҷоизаи Русияву Укроин баробар ва ҳатто аз баъзе ҷиҳат болотар аз он аст. Қирғизистон натанҳо ба соҳибмедалҳои Олимпиада, балки ба ҳамаи онҳое, ки то ҷои 8-умро соҳиб хоҳанд шуд, ҷоиза хоҳад дод. Варзишгарони қирғиз барои ҷои аввал 150 000 доллар, ҷои дувум 100 000, ҷои севум 75 000, ҷои чорум 25 000 ва барои ҷойҳои минбаъда мувофиқан 15 000, 13 000, 12 000 ва 10 000 доллари амрикоӣ хоҳанд гирифт.
Ҷоизаи Узбакистону Беларус каме поинтар аз ҷоизаи қирғизҳост ва ин кишварҳо барои ҷои аввал 64 000 евро, барои ҷои дувум 32 000 евро ва ҷои сеюм 16 000 евро хоҳанд пардохт.
Дар Тоҷикистон ширкати мобилии «Вавилон» барои барандаи тоҷикистонии нишони тило 30 000 доллар, нишони нуқра – 20 000 доллар ва нишони биринҷӣ 10 000 доллар ҷоиза муқаррар кардааст. Ҳамчунин бозургонҳо бародарон Абдухолиқ ва Маҳмадрозиқ Неъматовҳо, ки дар Дубай (АМА) фаъъолият доранд, барои ҳаммеҳанонашон, ки се ҷои аввалро соҳиб мешаванд, мошинҳои сабукрави тамғаи гуногуни «Тойота» ваъда кардаанд. Қаблан соҳибкор Абӯбакри Азизхоҷа низ барои варзишгари тоҷик, ки дар Пекин мақоми аввалро соҳиб мегардад, 10000 доллари амрикоӣ ҷоиза муқаррар карда буд. Ҳукумати Тоҷикистон расман барои варзишгарон ҷоизае ваъда надодааст, вале бархеҳо бар ин назаранд, ки, агар варзишгарони тоҷик дар бузургтарин озмоишгоҳи маҳорат ва диловарӣ қаҳрамонӣ кунанд ва парчами Тоҷикистонро боло бардоранд, албатта ҳукумати кишвар низ онҳоро, ба истилоҳ, хушк нахоҳад гузошт.
Ин дар ҳолест, Қирғизистони дар бисёр масоил бо Тоҷикистон тақрибан дар як сатҳ қарор дорад ва варзишгаронаш аз Тоҷикистон 6 нафар бештар дар Бозиҳои олимпӣ ширкат мекунанд, барои онҳое, ки соҳиби нишонҳои тило, нуқра ва биринҷии олимпӣ мегарданд, ҷоизаи иловагие низ муқаррар кардааст. Варзишгарони нишондори олимпӣ тибқи фармони ҳукумат то охири умр мувофиқан 20 000, 17 000 ва 15 000 сом идрор хоҳанд гирифт, ки мутаносибан баробар ба анқариб 600, 500 ва 400 доллари амрикоист.
Ҳукумати Беларус бошад ба қаҳрамони олимпиаш ба ҷуз ҷоизаи муқарраркардааш ҳамчунин манзили зист низ хоҳад дод.
Бар илова дар ағлаби кишварҳо ширкату сарпарастҳо ҷоизаҳои худиро муқаррар кардаанд. Аз ҷумла, клуби марказии варзишии артиши Русия барои варзишгари клубаш, ки унвони қаҳрамони олимпиро соҳиб мешавад, боз 3 миллион рубл, ки баробар ба 80 000 доллар аст, хоҳад пардохт. Онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ба даст меоранд, бар иловаи ҷоизаи ҳукуматӣ ҳамчунин 1 500 000 ва 1 000 000 рубл хоҳанд гирифт.