Нашри навбатии маҷаллаи таҳлиливу сиёсии «Чашмандоз» пешкаши Шумо мешавад.
Мавзӯи баҳси навбатии мо «Фаъолияти ҷараёни «Салафия» ва пайомадҳои он дар Тоҷикистон» мебошад.
Таййи як соли ахир дар Тоҷикистон, махсусан дар расонаҳои иттилоъотӣ, баҳсҳо дар бораи ин ҷараён ва бархӯрди рӯҳониюни тоҷик ба он идома дорад.
Рӯҳониён ва уламои исломи анъанавӣ зимни суханронӣ ва мавъизаҳои худ аз ин равия ба унвони як омилу унсури хориҷӣ ва ихтилофбарангез таъкид карда, пайравони онро дар тафриқа ва ҷудоиандозӣ миёни мусалмонон муттаҳам мекунанд. Қаблан мақомоти расмии кишвар аз ин равия ба унвони ҷараёни хатарофар ва таҳдид бар амнияту субот ном намебурданд вале ҳоло мақомоти давлатӣ, махсусан масъулони идороти амниятиву интизомӣ, эълом карданд, ки ин равия даст ба амалҳое задааст, ки мояи нигаронӣ ва боиси ташвиш дар ҷомиъа шудааст.
Аммо ҷонибдорони ҷараёни салафия бо интиқод аз бархе аз аъмоли рӯҳониёни анъанавӣ мегӯянд талошу пайкори онҳо танҳо барои ривоҷ ва таҳкими исломи ноб дар кишвар мебошад.
Родиюи «Озодӣ» ба хотири равшанӣ андохтан ба асли ҳақиқат ва шунидани воқеъияти он аз забони афроди соҳиби ваколат ва салоҳият тасмим гирифт, то баҳсу баррасии ин мавзӯъро дар як суҳбати мизи гирд барои шунавандаи ҳушманди худ пешкаш намояд. Ва бад-ин ҷиҳат сари мизи гирди родию домулло Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, муовини имомхатиби масҷиди Халифа Абдукарим дар ноҳияи Ваҳдат, домулло Раҳматуллоҳ, намояндаи ҷараёни салафия дар Тоҷикистон, ва коршиноси мустақили тоҷик Саидаҳмади Қаландар даъват шуданд, ки, хушбахтона, эшон ин даъватро пазируфтанд.
Суолҳои зайл ба ширкаткунандагони мизи гирд ироъа шуданд:
Суолҳои зайл ба ширкаткунандагони мизи гирд ироъа шуданд:
Дар ҳоле ки агар нияти шумо тарвиҷи исломи ноб аст пас чаро наметавон ислоҳотеро ки шумо мехоҳед анҷом диҳед дар доираи мазҳаби ҳанафӣ ҳалл кард?
Бубинед, имрӯз ихтилофот миёни мазҳаби анъанавӣ ва суннатӣ идома дорад. Оё ин то куҷо ба нафъи ҷомиъа хоҳад буд?
Аз тарафи дигар, шумо медонед, ки ин ихтилоф аст, пас чаро боз ҳам ба он идома медиҳед?
Салафиҳо дар кишварҳое сари кор меоянд, ки дар онҳо муносибати давлат бо ислом ва аз ҷумла исломи сиёсӣ муътадил аст. Ва амалкардаи онҳо боиси ташаннуҷи муносибати давлат бо чунин гурӯҳҳо мешавад.
Бархе аз одатҳое ки имрӯз дар байни ҷомеа вуҷуд дорад аз сӯи намояндагони салафия интиқод карда мешавад ва бархе аз коршиносон мегӯянд ки ин интиқодот дуруст аст. Аз ҷумла дар мавриди он ки бархе аз муридон дастбӯси мекунанд вале рӯҳониён ва уламои дини ислом аз ин амал ҷилавгирӣ намекунанд?
Намояндагони салафия дар мавриди бархе аз иқдомоти мақомот, аз ҷумла тахриби масоҷид, ҷилавгирӣ аз ширкати наврасон дар намоз дар масоҷид, манъи ҳузури духтарон бо рӯсарӣ дар макотибу донишгоҳҳо, садо баланд накарданд – дар ҳоле ки ҳам ҳуқуқҳи онҳо поймол мешавад ва ҳам онҳо ҷабран аз анҷоми фароизи диниашон маҳрум карда мешаванд.