Нигарониҳо аз густариши ҷанг дар Осетияи Ҷанубӣ

Нерӯҳои Гурҷистон дар наздикии Схинволӣ, пойтахти Осетияи Ҷанубӣ, 8 августи соли 2008.

Созмонҳои байнулмилал ва кишварҳои ҷаҳон тарафҳои низоъ дар Осетияи Ҷанубиро ба қатъи зӯроварӣ ва оғози гуфтушунид даъват карданд.
Иёлоти Муттаҳида, Паймони Атлантики Шимолӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба қатъи хушунат дар Осетияи Ҷанубӣ даъват карда, гуфтаанд, бояд намояндагони ҳукумати Гурҷистон ва минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ба гуфтушуниди мустақим иқдом кунанд.


Раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, вазири умури хориҷии Финлонд, Александр Стаб мегӯяд, вай бо ҳарду ҷониб дар тамос аст ва аз онҳо даъват мекунад, ҳама гуна амалиёти ҳарбиро қатъ карда, музокираи бевоситаро шурӯъ намоянд.

Аммо раисиҷумҳури Гурҷистон, Михел Саакашвилӣ, ба сафарбарии сартосарии нерӯҳои ҳарбӣ дар кишвараш даъват кард. Вай гуфт, кишвараш зимни низоъ дар минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи ҷанубӣ ба мудохилаи ҳарбии нерӯҳои Русия рӯбарӯст.

Дар як паёми телевизионӣ Саакашвилӣ изофа кард, ки ҳавопаймоҳои Русия ду шаҳри Гурҷистонро бомбаборон кардаанд. Вай инчунин гуфт, нерӯҳои гурҷӣ бахши аъзами Схинволӣ, пойтахти минтақаи ҷудоихоҳро зери назорат гирифтаанд.

Фармондеҳи нерӯҳои русии посдори сулҳ дар Осетияи ҷанубӣ гуфт, ҳарбиёни Русия аз зарбаи тӯпхонаи гурҷиҳо дар сарбозхонаҳо кушта шудаанд. Вай шумори онҳоро зикр накард. Сарвазири Русия, Владимир Путин, аъмоли, ба гуфтаи вай, таҷовузгаронаи нерӯҳои гурҷиро дар Осетияи ҷанубӣ маҳкум кард ва гуфт, Русия маҷбур хоҳад шуд, посух бидиҳад.

Президенти Русия, Дмитрий Медведев хостори баргузории ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои амнияти ин кишвар шуд, то даргириҳои шаби гузашта миёни Гурҷистон ва минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро баррасӣ кунад.

Русия аз талошҳои Осетияи Ҷанубӣ ба мухторияти васеътар пуштибонӣ мекунад, вале ба хабарҳои охирин нерӯҳои Гурҷистон субҳи имрӯз ба ҳумаи Схинволӣ, пойтахти Осетияи Ҷанубӣ расидаанд.

Ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои амнияти Русия дар ҳоле ифтитоҳ меёбад, ки Вазорати умури дохилии Гурҷистон мегӯяд, ҳавопаймоҳои Русия бо нақзи ҳарими ҳавоии Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубӣ чанд бомба партофтаанд.