Машъали олимпӣ ба Пекин расид

Машъали олимпӣ ду рӯз қабл аз ифтитоҳи Бозиҳои Олимпӣ ба Пекин расид. Эстафетаи машъали олимпӣ дар Пекинро Ян Ливэй, аввалин кайҳоннаварди Чин қабул кард. Шурӯъи даври ниҳоии эстафетаи машъали олимпӣ аз тариқи телевизиони миллии Чин мустақиман намоиш дода шуд.