ИМА даъвоҳои ҳанӯз ҳалношуда алайҳи Либия аз сӯи пайвандони қурбониёни ҳамлаҳои террористиро бо мақомоти Триполӣ ҳаллу фасл хоҳад кард.
Дар ин робита ахиран Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Амрико, қонунеро имзо кард. Гуфта мешавад, ки ин санад роҳро барои барқарор намудани равобити ҳасана миёни Вошингтон ва Триполиро ҳамвор хоҳад кард.
Ба ақидаи коршиносон, агар давлати Либия маблағи ҷуброни осебдидагон аз ҳамлаҳои терористии бо пуштибонии ин кишвар анҷомшударо комилан пардохт кунад, охирин мониъа миёни Вошингтон ва Триполӣ аз байн бурда мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Либия дар пуштибонии ду ҳамлаи террористӣ – таркиши ҳавопаймои ширкати “Панамерикан” дар фазои Шотландия дар соли 1988 ва инфиҷори бомб дар толори рақси “Ла Бел” дар Берлин дар соли 1986 – айбдор шуда буд.
Гуфта мешавад, барои пардохти ҷубронпулӣ ба пайвандони қурбониён бунёди вижаи молӣ таъсис дода мешавад ва, агар вазири умури хориҷаи кишвар пардохти маблағ барои ҳама осебдидагонро таъйид кунад, дигар кас ҳақ нахоҳад дошт, то бо иттиҳоми анҷоми ҳамлаҳои террористӣ алайҳи Либия ба додгоҳ муроҷиат намояд.
Конгреси Амрико кумакҳои мустақим ба Либия, бунёди бинои нави сафоратхонаи Амрико ва таъйини сафири ИМА дар ин кишварро то замони пардохти ҷубронпулӣ ба шаҳрвандони Амрико манъ карда буд.
Қонуни ҷадид ба пайвандони қурбониёни ҳамлаҳо ба ҳавопаймои “Панамерикан” ва инфиҷор дар толори рақси “Ла Бел”, ки бо ҳукумати Либия тавофуқнома имзо карданд, имкон медиҳад боқимондаи маблағро дастрас кунанд. Триполӣ бояд ба ҳар як аз 286 хонаводаи қурбониёни ҳамлаи интиҳорӣ ба ҳавопаймои ширкати “Панамерикан” 10-миллиондолларӣ пардохт кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки то ҳол ин хонаводаҳо аз ҳукумати Либия ҳамагӣ 8-миллиондолларӣ дарёфт кардаанд. Қарор аст маблағи боқимонда ҳам ба зудӣ пардохт шавад.
Аммо тибқи қонуни имзошуда дар робита ба дигар парвандаҳо одилона ё ғайриодилона будани ҷубронро вазорати корҳои хориҷаи Амрико муайян хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол наздикону пайвандони бархе аз қурбониёни дигар ҳамлаҳое ба Либия нисбат додашаванда, аз ҷумла инфиҷор дар ҳавопаймои ширкати фаронсавии “ЮТЭЙ” дар соли 1989, иддаъо мекунанд, ки ҷуброни одилонаро талаб хоҳанд кард. Воқиъан, дар он ҳодиса 170 кас ба ҳалокат расида буд.
ИМА аз соли 1980 то соли 2003 бо Либия равобити дипломатӣ надошт. Робитаҳои миёни ду кишвар баъд аз эъломи раҳбари Либия Муъаммар Қаззофӣ дар бораи даст кашидан аз барномаи тавлиди силоҳи қатли ом ва омодагӣ барои пардохти ҷубронпулии қурбониёни чандин ҳамлаи терористӣ, аз ҷумла ба ҳавопаймои “Панамерикан”, аз сар гирифта шуданд.