Сокинон изҳор доштаанд, ки вақтҳои охир шумори хукҳои ёбоӣ афзоиш ёфта, онҳо шабона гурӯҳ-гурӯҳ ба киштаҳояшон сар мехалонанд ва онро нобуд месозанд. Ба гуфтаи муъовини сардори идораи кишоварзии Бадахшон, Имомдод Фарҳодов бештари заминҳои корами ноҳияи Дарвоз дар деҳоти Сағирдашт ҷойгир буда, сокинон дар 1032 гектар зироатҳои ғалладона, картошка, полезӣ ва зағир кишт намудаанд, аммо зиёнкории хукҳои ёбоӣ мояи нигаронии онҳо шудааст.
Сардори раёсати истифодабарии давлатӣ ва ҳифзи табиати вилоят Мародмамад Мирасанов баён дошт, ки шикори хукҳои ёбоӣ аз тарафи вазорат то ба 1-уми сентябр манъ эълон шудааст. Вай гуфт, чанд сол қабл мутахассисони раёсат ҳангоми баҳисобгирӣ 2,5 ҳазор сар хукҳои ёбоиро ба қайд гирифтаанд, аммо алҳол шумораашон аз 5 ҳазор сар бештар шудааст.
Сардори раёсат парҳез кардан аз гӯшти хукро яке аз сабабҳои афзоиши саршумори хукҳои ёбоӣ дар минтақа мешуморад.
Дар ҳамин ҳол муъовини сардори идораи кишоварзии вилоят бинобар ба танқисии маводи ғизо мубтало будани бештари сарбозони қисмҳои низомӣ ва марзбонӣ дар минтақа иҷозаи шикори хукҳои ёбоиро барояшон яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи озуқаворӣ мешуморад. Вай гуфт, ки аммо новобаста аз иҷозаи ғайрирасмии шикор сарбозон ба шикори хукҳои ёбоӣ алоқамандии кам нишон медиҳанд.
Аммо сардори раёсат гуфт, ки онҳо як ҳодисаи шикори хуки ёбоиро аз ҷониби сарбозон ошкор ва фармони манъи шикорро барояшон гӯшзад кардаанд.
Дар ҳамин ҳол намояндагони мақомоти маҳаллӣ ба сокинон гуфтаанд, ки дар сурати пайдо шудани ҳукҳои ёбоӣ дар киштаҳояшон онҳоро нишон гиранд, аммо сокинон мегӯянд, ки камон надоранд.