Дидори Зарифӣ бо Аҳмадинажод

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон , дар Теҳрон, бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон дидор ва гуфтугӯ анҷом додааст.

Дар ин мулоқот раисҷумҳури Эрон гуфтааст, ки алоқамандии ду кишвари ҳамзабон барои тавсеъаи ҳамкориҳо зиёд аст ва раҳбарияти ду ҷониб дар ин росто кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.

Ҳамрохон Зарифӣ дар чаҳорчуби сафари чаҳоррӯзааш ба Эрон ҳамчунин бо ҳамтои эрониаш Манучеҳри Муттақӣ ва раиси Комиссиюни ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон Саид Парвиз Фаттоҳ мулоқот анҷом додааст. Ба навиштаи сомонаи вазорати берунаи Тоҷикистон, дар ин мулоқотҳо масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, ба хусус дар бахши энержӣ, баррасӣ гардидааст.

Ҷониби Эрон дар ин мулоқотҳо пешниҳод кардааст, ки ҷиҳати баррасии муфассали тарҳҳои ҳамкорӣ дар бахши энержӣ вазирони энержии Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҳамоиши сарони се кишвари форсизабон, ки охирҳои август дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат кунанд.