Созмони Авфи Байнулмилал мегӯяд, ҳукумати Эрон барои мубориза бо табъизи густурдаи аққалияти курд дар ин кишвар талоши кофӣ ба харҷ намедиҳад.
Ин созмони ҳомии ҳуқуқ, ки дар шаҳри Лондон қароргоҳ дорад, гуфт, табъизи мардуми курд тайи моҳҳои ахир дар Эрон шиддат гирифтааст ва додгоҳҳо намояндагони ин миллатро бо муҳокимаҳои ноодилона ба марг маҳкум кардаанд.
Ба гуфтаи Авфи Байнулмилал, бахусус занон мавриди табъиз қарор мегиранд. 15 дар сади аҳолии Эронро курдҳо ташкил медиҳанд ва теъдоди онҳоро 12 миллион нафар мегӯянд.