Хабаргузориҳои Сербистон мегӯянд, Радован Караҷич, раҳбари собиқи сербҳои боснӣ, дар роҳ ба сӯи Додгоҳи байнулмилалии Гаага аст.
Хабаргузории "Танюг" мегӯяд, корвони мошинҳо бинои додгоҳи махсуси Сербистон дар шаҳри Белградро тарк кардааст, ки Радован Караҷич аз 21- уми июл дар онҷо нигаҳ дошта мешуд. Хабаргузории "Бета" низ бо нашри чунин хабар навиштааст, ки Радован Караҷич дар роҳ ба сӯи додгоҳи Созмони Милал аст.
Хабаргузорӣ мегӯяд, амри истирдоди Караҷичро вазири адлияи Сербистон бар асоси қонуни ҳамкорӣ бо додгоҳи Созмони Милал имзо кардааст. Мақомоти расмии Сербистон низ истирдоди Радован Караҷич ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятҳои Ҷангии Гаагаро таъйид кардаанд.