14 варзишгари тоҷик ба Пекин хоҳанд рафт

28-уми июл дар шаҳри Душанбе бо ширкати раҳбарони ташкилотҳои варзишии кишвар, варзишгарону мураббиён ва хабарнигорон нишасти матбуотӣ бахшида ба омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Пекин доир гардид.

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ки шарафи кишварро дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки 8-уми август дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин - оғоз мешавад, 14 варзишгар дар 7 навъи варзиш ҳимоя хоҳанд кард. Вай афзуд: «Мо аз 1-уми январи соли 2008 дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии кишвар тавонистем як барномаи мушаххас таҳия намоем. Барои омодагии ҳамаҷонибаи дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Олимпиадаи Пекин беш аз 1 миллион сомонӣ масраф шуд. Варзишгарони мо имкон пайдо карданд, ки дар мусобиқоти мухталифи ҷаҳониву Осиёӣ ва байнулмилалӣ ширкат карда, натоиҷи дилхоҳ ба даст оранд ва соҳиби роҳхатҳои олимпӣ шаванд».

Дар ин нишаст Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт: «Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои варзишгари кишвар, ки барандаи медали тиллои Олимпиадаи Пекин мегардад, мукофотпулӣ ба маблағи 10 ҳазор доллар, барои ҷои дуввум – 5 ҳазор доллар ва барои ҷои севум – 3 ҳазор доллар муқаррар кардааст».

Ҷаноби Раҷабалиев, инчунин, иттилоъ дод, ба ташаббуси Абубакри Азизхоҷа, раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Дурнамо», ки аввалин шуда барои варзишгари Тоҷикистон - қаҳрамони Олимпиадаи Пекин - 10 ҳазор доллар ваъда кардааст, тоҷирони дигари тоҷик - бародарон Абдухолиқ ва Маҳмадрозиқ Неъматовҳо - пайравӣ намуданд. Онҳо, ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ширкати «Orion group company» таъсис додаанд, ба барандаи медали тиллои Олимпиадаи Пекин утомобили тамғаи «TOYOTA RAV-4», ба соҳиби медали нуқра - «TOYOTA Сamry» ва ба варзишгаре, ки медали биринҷӣ ба даст меорад, «TOYOTA Сorolla» тақдим хоҳанд кард.

Вале, чунон ки дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, то имрӯз маблағи ҷавоизи ғолибони Бозиҳои олимпии Пекин-2008 барои варзишгарони Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати кишвар эълом нашудааст.

Раҳбари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, дастаи мунтахаби олимпии кишвар рӯзи 31-уми июл ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар хоҳад кард. Пеш аз сафари Чин олимпичиёни тоҷикро субҳи 29-уми июл раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳад пазируфт.