Солгарди қабули дини насронӣ дар Украина ва Русия

Имрӯз пешвои калисои ортодокси экуменӣ усқуф Бартоломеи 1 ва усқуфи Русия Алексии 2 дар таҷлили 1020 солагии қабули дини насронии ортодокс ва ё православ дар қаламрави Украина ва Русия иштирок карданд. Маросими ботантана дар ҳузури ду усқуф дар назди ҳайкали Владимири муқаддаси шаҳри Киев барпо шуд.
Соли 988 Владимири Бузург: пешвои Руси Киев мазҳаби ортодокси насрониро дини ин кишвар эълон кард. Ҷашнвора дар замоне доир шудааст, ки баъзе насрониҳои украинӣ истиқлоли калисои Украина аз калисои Русияро тақозо кардаанд.