Ин иттилоъро дафтари раиси ҷумҳур Борис Тадич замоне пахш кард, ки Светозар Вуячич, вакили дифоъи оқои Караҷич мегӯяд, вай рӯзи ҷумъа дар автобусе миёни ду ҳумаи шаҳри Белград дастгир шуд.
Радован Караҷич ба раҳбарии амалиёти куштори ҳудуди ҳашт ҳазор мард ва навҷавони мусулмон пас аз суқути шаҳри Сребренитса дар соли 1995 муттаҳам мешавад. Вай пас аз тавофуқномаи сулҳи Дейтон дар соли 1996, пинҳон шуд ва гуфта мешавад, тӯли ин муддат дар миёни манотиқи сербнишини Боснӣ ва Сербистон ба сар бурдааст. Радко Младич, фармондеҳи артиши сербҳои Боснӣ ва яке аз дӯстони Караҷич, низ таҳти таъқиби байнулмилалӣ қарор дорад, аммо то кунун боздошт нашудааст.
Дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ Ҳарис Слаҷич, раҳбари раёсати сеҷонибаи Боснӣ-Ҳерзоговина изҳори хушбинӣ кардааст, ки боздошти ин фармондеҳи собиқ низ чандон баъид нест. Вай гуфт: “Адолат ба кундӣ ба даст меомад, вале билохира ба даст омад. Младич ҳанӯз дар озодист. Ман аслан дар мавриди боздошти Караҷич ва Младич хушбин набудам. Аммо бояд бигӯям, ки Младич низ боздошт хоҳад шуд. Ӯ бояд барои наслкушӣ дар Сребренитса ба масъулият кашида шавад”.
Хабари боздошти Караҷичро дар кӯчаҳои Сараево мусулмонони Боснӣ таҷлил мекунанд. Сараевое, ки 43 моҳ таҳти муҳосираи Караҷич қарор дошт ва дар он муддат 12 ҳазор нафар қурбон шудаанд.
Боздошти Радован Караҷич ба оғози нишасти вазирони хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел рост омад, ки дар он мавзӯъи узвияти Сербистон ба ин иттиҳод баҳс мешуд.
Дар гуфтугӯ бо хабарнигорон рӯзи сешанбе масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳовиер Солона гуфтааст, боздошти билахираи Караҷич шаҳодати ҳамкории қавии давлати нави Сербистон бо Додгоҳи байнулмилалист. Вай гуфт: “Фикр мекунам, амалиёти боздошти Караҷич аз сӯи мақомоти Сербистон хуб анҷом ёфт. Ёд доред, чанде пеш дар Сербистон интихоботи порлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ баргузор шуд ва, ба андешаи ман, онҳо мехоҳанд собит кунанд, ки барои ҳамкории том бо Додгоҳи байнулмилалӣ омода ҳастанд. Ва ин чизест, ки ман аз он хеле ва хеле ба хушӣ истиқбол мекунам”.
Вазири умури хориҷии Сербистон Вук Йеремек низ, ки дар ҳамоиши Брюссел ширкат дошт, гуфт, кишвараш бо ин роҳ мехоҳанд омодагии худро барои узвият ба Иттиҳодияи Аврупо зоҳир кунанд: “Мо ояндаи худро дар Иттиҳоди Аврупо хеле муҳим медонем. Мо инро дирӯз исбот кардем. Мо мехоҳем узви Иттиҳоди Аврупо бошем. Мо мехоҳем маҳаки сулҳ бошем. Мо мехоҳем бозигари минтақаии субот дар минтақа бошем. Чи дар масъалаи ҳамкорӣ бо Додгоҳи Ҳейг ва чи дар масъалаи дифоъ аз истиқлолияти мо бар Косово ба таври воқеъӣ пойбанди сулҳ ва волоияти қонуни байнулмилалӣ мемонем”.
Дар ҳамин ҳол, Бернард Кушнер, вазири умури хориҷии Фаронса, ки кишвараш раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро дар ӯҳда дорад, гуфтааст, қазоват кардан ҳоло зуд мебошад. Зеро ҳарчанд Караҷич боздошт шудааст, Младич ҳанӯз дар озодист.
Мақомоти Амрико ин боздоштро "намоиши муҳими садоқат ҳукумати Сербистон дар ҳамкорӣ бо Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятҳои Ҷангӣ" номидаанд. Вале вазорати умури хориҷии Русия Додгоҳи ҷиноятҳои ҷангии Созмони Милалро дар бархӯрди аксаран муғризона айбдор карда ва ҳушдор додааст, ки муҳокимаи Караҷич бояд мунсифона сурат гирад.