Талошҳо ҷиҳати мойил намудани Эрон ба муттавақиф кардани ғанисозии ураниум имрӯз масъалаи асосии нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо хоҳад буд. Шаш қудрати ҷаҳонӣ ба Эрон бастаи имтиёзҳоеро пешниҳод карда ва дар иваз аз он кишвар хостаанд, то фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро мутавақиф кунад. Рӯзи 21 июл Гордон Браун, нахуствазири Бритониё, ҳушдор дод, ки агар Эрон пешниҳоди мазкурро напазирад, бештар дар инзивои байналмилалӣ қарор хоҳад гирифт. Пештар аз ин Кондолиза Райс - вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, Эрон бояд дар зарфи ду ҳафта ба бастаи пешниҳодӣ посухи ҷиддӣ бигӯяд, вагарна ба таҳримоти бештар рӯ ба рӯ хоҳад шуд.