Раҳоии гаравгонҳои турк дар Паштунпул

Ду муҳандиси турк ва тарҷумони онҳоро, ки дар минтақаи Паштунпули вилояти Ҳирот гаравгон гирифта буданд, раҳо кардаанд.

Абдулрауф Аҳмадӣ, сухангӯи пулиси минтақа гуфт, дар баҳои раҳоии ин гаравгонон пул пардохт шудааст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки пули раҳоии онҳоро кӣ пардохтааст.