Рӯзи саввуми сафари президенти Точикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо гузоштани хишти нахустини гимназияи президентӣ, ошноӣ бо рафти сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ифтитоҳи як маркази тиҷоратӣ дар назди бозори Хоруғ шурӯъ шуда, сипас президент дар ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба натиҷагирӣ аз тараққиёти иҷтимоиву иктисодии вилоят дар нимсолаи аввал ширкат намуд.
Президент зимни суханронӣ изҳор дошт, ки чанд сол кабл вай шиори «асри ХХ1 асри Бадахшон» ва «Бадахшон дарвозаи тилоии Тоҷикистон»-ро эълом дошта, дар доираи ин дурнамо то ба хол корҳои зиёде шудаанд. Вай гуфт, баҳри беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодиии мардум дар минтақа 19 лоиҳаи сармоягузории муҳим ба маблағи 470 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуданд, ки бештари онҳо ба соҳаи ҳифзу сиҳат, маориф, таъмири роҳҳо ва кишоварзӣ равона гардидаанд.
Раисҷумҳур баҳрабадорӣ аз манобеъи обӣ ва пиряхҳои Памирро муҳим шуморида, баён дошт, ки танҳо кӯли Сарез метавонад 50 миллион сокини Осиёи Марказиро аз оби тозаи ошомиданӣ барои ҳамеша таъмин кунад.
Президент дар ҷаласа изҳор дошт, пас аз мулоқот бо қишрҳои мухталифи ҷомеа тасмим гирифтааст, ки то соати даҳи имрӯз ҳамаи онҳое, ки гуноҳе содир кардаанд, нисбат ба онҳо гузашт мекунад.
Раисҷумҳур баргузории гирдиҳамоиҳои чанде қаблро дар Хоруғ ба таъсири авомили беруна марбут додиста ва нақши васоити ахборро дар инъикоси онҳо ангезанда номидааст.
Имомназар Имомназаров, собиқ фармондеҳи аршади мухолифини пешини тоҷик дар минтақа, яке аз иштирокдорони мулоқот изҳор дошт, ки онҳо аз иқдоми президент дар мавриди гузашт истиқбол мекунанд. Вай баён дошт, ки дар мулоқоти намояндагони мухолифин бо президент ба ғайр аз худаш ва Толиб Аёмбеков, ҳамчунин Саламшо Мухаббатов ва Навоӣ Хушачинов ширкат доштанд. Ба гуфтаи оғои Имомназаров дар ин мулоқот Мамадбоқир Мамадбоқиров бинобар мариз будан ва Ёдгоршо Мамадасламов ҳузур надоштаанд.
Дар ҳамин хол шоир Ато Мирхоча иқдоми президентро дар мавриди гузашт ҷавонмардона ва натиҷаи таҷрибаи аз ҷанги шаҳрвандӣ андӯхта мешуморад ва бар ин назар аст, ки пас аз ин дар сурати эҳтимоли ташаннуҷи авзоъ аз ҷониби ин гурӯҳҳо онҳо пуштибонии ақшори ҷомеаъро аз даст хоханд дод.
Пас аз анчоми ҷаласа дар бинои мақомоти шаҳрдорӣ президент ба Душанбе баргашт.