Ҳовиер Солaна баъди мулоқот бо Сайид Ҷалилӣ, намояндаи Эрон дар қазияи ҳастаӣ гуфтааст, Ғарб мунтазири посухи Теҳрон ба бастаи пешниҳодӣ мебошад.
Ҳовиер Солaна, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ба дунболи музокира бо Сайид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади барномаи ҳастаии Эрон дар Женева, гуфт, ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳанӯз мунтазири посухи Теҳрон ба бастаи пешниҳодҳо мебошад.
Оқои Солaна ин музокиротро, ки барои авалин бор бо ҳузури мақоми баландпояи Амрико баргузор шуд, созанда арзёбӣ карда ва ибрози уммедворӣ намудааст, ки тайи ҳафтаҳои оянда Эрон ба бастаи пешниҳодҳои гурӯҳи панҷ бар изофаи як посух медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки Сайид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади барномаи ҳастаии Эрона дар Женева, низ гуфт, ҷумҳурии исломии Эрон пешниҳодҳои худро ба тарафи муқобил ироа кардааст.