Инсон – сабабгори гармоиш ва тағйири иқлим

Донишмандон бар ин назаранд, ки инсоният, бидуни шубҳа, дар тағйири ҳаво ва гармоиши саросарии сайёра даст дорад.
Донишмандон ва коршиносони гурӯҳи байнидавлатӣ дар гузориши ахири худ таъкид кардаанд, ки инсоният дар тағйири иқлими имрӯзаи сайёраи Замин таъсири зиёд расонидааст. Донишмандон бар ин ақида 90 дарсад мутмаъин ҳастанд.
Ин гузориши чаҳоруми гурӯҳи мазкур аст. Гурӯҳи байнидавлатӣ дар соли 1988 таҳти сарпарастии Созмони милали муттаҳид таъсис ёфтааст. Қарор аст, ки ин гурӯҳ боз як гузориши дигар дар мавриди тағйири иқлим ва зарари он ба иқтисоду иҷтимоъ интишор кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки гурӯҳи дигари коршиносон дар маҷаллаи «Science» гузоришеро интишор намудааст, ки бар тибқи он гармоиши саросарӣ сабаби боло рафтани сатҳи баҳр шудаааст. Ба гуфтаи коршиносон, ҳарорати ҳаво 2 – 4 дараҷа гармтар хоҳад шуд ва сатҳи баҳр ҳам метавонад аз 28 то 59 сантиметр боло равад. Дар ҳамин ҳол, ба бовари ин мутахассисон, бодҳои гармсерӣ (тропикӣ) ва тӯфонҳои шадид дар курраи Замин ба маротиб афзоиш хоҳанд ёфт.
Донишмандон далели гармоиши саросариро ба фаъъолияти инсон марбут медонанд ва бар инанд, ки, аслан, гармоиши саросарӣ дар 100 соли ахир шуруъ шудааст ва ин вобаста ба рушди саноъат дар ҷаҳон аст.
Қурбонҷон Кабудов, кошиноси тоҷик ва раҳбари Маркази таҳқиқот ва истифодаи манобеъи барқароршавандаи пажӯҳушгоҳи физикаи назди Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, дар бора чунин нақл кард: «Тамоми корхонаҳои санъатии ҷаҳон, ки муттасил маҳсулоти ниёзи инсониятро тавлид мекунанд, муҳитро олуда намуда, бидуни шакк, сабабгори аслии гармоиш дар иқлими сайёра шудаанд».

Коршиносони Русия низ бар ҳамин назаранд. Татяна Моисеева, муовини раиси институти пажӯҳиши мушкилоти оби Фарҳангистони улуми Русия мегӯяд, ки иқлими сайёра рӯз то рӯз гармтар мешавад ва инсон ба ин гармшавии саросарӣ сабаби мустақим дорад. Ба гуфтаи хонум Моисеева, ин фаъъолияти бенизоми инсон аст, ки аз он фазои сайёра ҳар рӯз олудатар мешавад. Хонум Моисеева мегӯяд: «Бале, ҳамин тавр аст, ки дар ҳоли ҳозир тағйири шадиди иқлимро метавон мушоҳида кард. Дар ҳоли ҳозир тӯфонҳо ва боришҳо дар сайёра ба маротиб афзоиш ёфтааст. Албатта, ба тағйири иқлим инсон даст дорад. Ин қадар гозҳое, ки инсон ба фазо партоб мекунад, хуб аст, ки то ҳоли ҳозир худи инсон аз байн нарафтааст. Ҳамчунин дар баъзе минтақаҳо сардии шадид аст ва дар баъзе минтақаҳо гармӣ шадидтар шудааст».
Ба гуфтаи бархе аз донишмандони ҷаҳон, дар соли 2001 таъсири инсон ба тағйири иқлим аз 66 то 90 дарсадро ташкил медодааст. Дар ҳоли ҳозир таъсири гозҳои гулхонаӣ, ки онро инсон ба фазо партоб мекунад, то 90 дарсад расидааст.
Кошиносон ва донишмандон бар ин боваранд, ки ғайр аз таъсири инсон ба иқлим боз ҳам чанд омили дигар аст, ки имрӯзҳо гармоиши саросарӣ ба вуқӯъ омадааст.