Пизишкони бемористони марказии Бадахшон нахустин ҷарроҳии бехунро анҷом доданд.
Дар Бадахшон нахустин бор 12 мариз бо усули муъосири, ба истилоҳ, бидуни хун ҷарроҳӣ шуданд.
Баъди анҷоми ҷарроҳӣ яке аз маризони амалишуда Саидбегим Султонова, сокини деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим, ба родиюи «Озодӣ» гуфт, ки бо нишонаи бемории санги гурда бистарӣ шуда, се рӯз пеш бо усули нав ҷарроҳӣ шудааст ва акнун ӯ худро хуб эҳсос мекунад.
Сарпизишки шуъбаи ҷарроҳии бемористони вилоятӣ Некушоҳ Некушоев дар мавриди афзалияти ҷарроҳии бехун гуфт, ки ҳангоми гузаронидани ҷарроҳӣ бо ин усул шиками мариз чок нашуда, танҳо бо таҷҳизоти махсус дар се ҷой сӯрох мешавад ва ин хунравӣ ва давомнокии амалиёти ҷарроҳиро хеле кам мекунад.
Ба гуфтаи сардухтури шифохона Шодӣ Гулаёзов, бо ин усул 35 намуди амалиёти ҷарроҳиро (ба шумули ҷарроҳии санги талха, рӯда куррӯда, апендикс ва бемориҳои занона) анҷом додан мумкин буда, ҷарроҳишудагон пас аз се-чор рӯз метавонанд аз бемористон ҷавоб шаванд.
Ҳарчанд ин усули ҷарроҳӣ дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ густариш ёфта бошад, гуфт сарпизишки беморхона, аммо дар Бадахшон аз он бори нахуст кор гирифта шудааст.
Таҷҳизоти лозим барои анҷоми ҷарроҳии бехунро бемористони марказии ВМКБ бо кумаки бунёди Оғохон дастрас намудааст. Дар ҳамин ҳол, мутахассисони Пажӯҳишгоҳи такмили ихтисоси пизишкон ва маркази ҷарроҳии рагҳои хун ва дили Тоҷикистон ба ҷарроҳони бемористони вилоятӣ истифодаи усули навро омӯхтаанд.