Нусратулло Абдуллоев, раиси додгоҳи олии Тоҷикистон, гуфт, ин амали ваҳшатафканӣ аз сӯи ду шаҳрванди Узбакистон ва Комилҷон Эшонқулов, шаҳрванди узбактабори Тоҷикистон, анҷом шудааст. Ба гуфтаи раиси додгоҳи олии Тоҷикистон, ҳадафи аслии инфиҷори моҳи июни соли гузашта ваҳшатангезӣ ва халалдор кардани суботу амният дар Тоҷикистон будааст.
Раиси додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, Комилҷон Эшонқулов бар ивази анҷоми амали ваҳшатафканӣ дар назди сохтмони Додгоҳи олии Тоҷикистон бояд 5 ҳазор доллари амрикоӣ дарёфт мекард. Ва ба гуфтаи ӯ, дар мавриди ҳамкории Эшонқулов бо хадамоти амниятии Узбакистон Ҷамшед Семирхонов, шаҳрванди дигари Узбакистон, мусоидат кардааст. Ва оқои Семирханов, ки қаблан ба сурати тақаллубӣ мақоми шаҳрвандии Тоҷикистонро ба даст оварда ва дар чанд мақоми давлатии Тоҷикистон низ кор кардааст, бо ҷурми убури ғайриқонунии марз ва таҳияи асноди тақаллубӣ муҷрим дониста ва ба ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур барои панҷ солу шаш моҳ равонаи зиндон шудааст. Ва дар робита ба инфиҷори назди додгоҳи Олии Тоҷикистон мақомоти тафтишоти қаблӣ аз мақомоти Узбакистон хостори истирдоди созмондиҳандагони ин амали ваҳшатафканӣ шудааст.
Инфиҷор дар назди сохтмони Додгоҳи олии Тоҷикистон 16 июни соли 2007, дар остонаи 10-солагии истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон сурат гифта буд ва ба дунбол қурбонӣ надошт. Аммо панҷ моҳ баъд, дар 14 ноябри соли 2007 ва ду рӯз қабл аз таҷлили 15-умин солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, дар назди сохтмони Кохи Ваҳдат ва 50 метр дуртар аз сохтмони сафорати Узбакистон дар Душанбе низ инфиҷори шадиде анҷом шуд, ки бар асари он як нафар ҷони худро аз даст дод. Ва Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ҳануз таҳқиқи ин ҳодиса анҷом ва дар робита парванда ба Додгоҳи олӣ ворид нашудааст.