Ҳамасола дар саросари ҷаҳон садҳо ҳазор аслиҳаи сабук гум шуда, сипас ба дасти шӯришиён дар кишварҳое чун Ироқ, Колумбия ё Афғонистон мерасад.
Сарвари гурӯҳи пажӯҳишгарон Кейт Краузе зимни ироъаи гузориш дар Ню-Йорк (ИМА) таъкид кард, ки “ин хулосаҳои нигаронкунанда ва хатарзоанд, чунки аз ин роҳ миқдори зиёди аслиҳа метавонад, ба дасти ашхоси ҷудогона ва гурӯҳҳое бирасад, ки қасд доранд, онро муқобили шаҳрвандон мавриди истифода қарор диҳанд”.
Хонум Краузе аз ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон даъват намуд, ки ҳангоми нигаҳдории аслиҳаи сабук ҳушёрии бештар зоҳир кунанд, то мутмаъин бошанд, ки ин силоҳ аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба дасти шӯришиён ва гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ нарасад. Пешгирии дуздии аслиҳа корест, афзуд вай, ки дар он ҳукумат бо сармоягузории нисбатан хурд метавонад ба комёбиҳои чашмрас ноил гардад.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки, ба вижа дар Афғонистон, Ироқ, Шри Ланка, Сомалӣ ва Либерия, гурӯҳҳои шӯришиён ва ғайриҳукуматӣ аз чунин навъи аслиҳаи рабудашуда бархӯрдоранд.
Бо вуҷуди онки муаллифони пажӯҳиш дар бораи миқдори аслиҳаи аз анборҳои давлатӣ ва низоми рабудашуда маълумоте намедиҳанд, дар мавриди шимоли Кения гуфта мешавад, ки дастикам 40-50 дарсади муҳиммоте, ки дар “бозори сиёҳ” фурӯхта мешавад аз анборҳои низомии артиши Кения дуздида шудаанд.
Ба эътиқоди муаллифони гузориш яке аз мушкилиҳои умда ин аст, ки дар ҷаҳон миқдори бузурги аслиҳаву муҳиммоти низомии зиёдатии мавҷуд аст ва кишварҳо одатан ба ҷои нобуд сохтани он моиланд ин аслиҳаву муҳиммотро ба хориҷа фурӯшанд.
Ҳамин тавр, аз 200 миллион мили силоҳи оташфишон ҳадди ақалл 76 миллиони онро мешавад зиёдатӣ хонд ва ҳамасола танҳо 430 000 мил аслиҳаи сабук дар тамоми ҷаҳон нобуд мешавад.
Тибқи гузориш, баъзе кишварҳоро мешавад содиркунандагони бомасъулияти аслиҳа номид. Ин кишварҳо интиқоли силоҳро то нуқтаи ниҳоияш пайгирӣ мекунанд ва мутмаъин мешаванд, ки ҳангоми ҳамлу нақл ягон силоҳ бенишон нашудааст. Дар қатори чунин кишварҳо ИМА, Итолиё, Швейтсария, Фаронса, Словакия ва Бритониё зикр мешаванд, дар ҳоле ки додугирифтҳои марбут ба аслиҳаи Эрону Кореяи шимолӣ аз нигоҳи пажӯҳишгарон ба андозаи зарурӣ шафоф нестанд.