Имрӯз додгоҳи Олмон ҳукми се шаҳрванди Ироқро, ки дар таҳияи сӯиқасд ба ҷони Иёд Алавӣ, сарвазири пешини Ироқ зимни сафараш ба Берлин дар соли 2004-ум муттаҳам шудаанд, эълон кард. Ато Абдулазиз Рашид, Мазен Алӣ Ҳусейн ва Рафиқ Муҳаммад Юсуф барои узвият дар созмони террористии “Ансор Ал-Ислом” ба мӯҳлатҳои аз ҳафтуним то даҳ сол равонаи зиндон шуданд. Мурофиаи додгоҳии онҳо ду сол идома дошт.