Аврупо ва кишварҳои баҳри Миёназамин

Президентҳои Миср Ҳуснӣ Муборак аз чап ва Фаронса Николас Саркозӣ аз рост дар нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои ҳошияи Баҳри Миёназамин, Парис, 13 июли соли 2008.

Коршиносон дар арзёбии барномаи Саркозӣ ва тарҳи эҳёшудаи Иттиҳоди Аврупо дар муносибаташ бо кишварҳои соҳили баҳри Миёназамин ҳамназар нестанд.
Президент Николас Саркозӣ ва кишвари ӯ -- Фаронса, ки айни ҳол раёсати даврии Иттиҳоди Аврупоро дар ӯҳда дорад, дар гуфтушуниди ин иттиҳод ва дигар кишварҳои ҳошияи баҳри Миёназамин ба як пирӯзии дипломатӣ даст ёфтанд.

Аммо эҷоди Иттиҳоди Миёназамин, ҳавзаи бозсозишудаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва ҳамсоягони он тазодомез низ мебошад. Бархе онро даъвати сабқат бо ҳамсоягони шарқии иттиҳод мешуморанд ва бархи дигар як қадами муҳим дар минтақае, ки Иттиҳоди Аврупо то ҳол начандон муваффақ будааст.

Иттиҳоди Аврупо ба ҷануб майл кард, то бо ҳамсоягонаш дар ҳошияи баҳри Миёназамин дар фазои ҳамкорӣ ва наздикии бештар канор ояд. Фаронса, муҳаррики ин ҷунбиш, бо гирдоварии сарон ва намояндагони аршади беш аз 40 кишвар ва ризоияти онҳо ба таъсиси иттиҳоди нав, гуфта мешавад, ба комёбии дипломатӣ даст ёфт, аммо маълум нест, ин ҳаракат то куҷо муваффақ хоҳад буд, зеро таҷрибаи чунин ҳамгироӣ то ҳол чандон борвар набудааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бруссел, Аҳто Лобякас мегӯяд, умедворон ва шаккокон дар ҳарду тараф зиёданд ва доваронро муддат зарур аст, то муайян кунанд, ки нишасти сарон дар Порис ҳамчун табаддулоти яккаи дипломатӣ вориди таърих мешавад ё оғози фароянди бузургтарест.

Вале чизе шабеҳи чархиш дар сулҳи Ховари Миёна, ки дар ин нишаст иттифоқ афтод, арзиши барномаи Парисро боло бурд. Сарвазири Исроил Йеҳуд Олмурт пас аз дидор бо раҳбари фаластиниҳо, Маҳмуд Аббос гуфт, ду ҷониб "ҳаргиз ин қадар ба тавофуқ наздик набудаанд, ки ҳоло."

Президенти Сурия, Башор ал-Асад, ки мулоқотҳои Парис барояш бозгашт ба саҳнаи Ғарб пас аз солҳои инзиво ва интиқоди марбут ба Лубнон буд, гуфт, сулҳ бо Исроил дар фосилаи шаш моҳ то ду сол аст. Аммо бори аввал нест, ки Ховари Миёна аз субҳи сулҳомез хабар медиҳад ва дертар маълум мешавад, субҳи козиб ё дурӯғин дамидааст.

Аммо субҳи Иттиҳоди Миёназамин оё хоҳад дамид?

Ин ҷо низ бо назардошти таюҷрибаи гузашта бештар изҳори шубҳа садо медиҳад. Чунончи, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақа дар соли 1995 санадеро имзо карданд, ки бо номи Фароянди Барселон маъруф аст ва мебоист, ҳамкории Аврупо ва кишварҳои Миёназаминро густариш медод.

Шояд зимни ҳамин таҷрибаи гузашта Фаронса ибтидо мехост, Фароянди Барселонро комилан ба дур афканда, танҳо кишварҳои ҳошияи Баҳри Миёназаминро ба ҳам орад. Аммо пас аз эътирози Олмон тарҳи Парис чунин номи расмӣ гирифт: " Фароянди Барселон: Иттиҳоди Миёназамин". Ҳамзамон барои ҷилавгирӣ аз нокомии эҳтимолӣ ин бор дар Парис котиботи Иттиҳоди Миёназамин таъсис ёфт.


Ба ақидаи коршиносон, ояндаи ин барнома ба он бастагӣ хоҳад дошт, ки тарафҳо аз ҳамдигар чӣ мехоҳанд. Кишварҳои ҳошияи Баҳри Миёназамин ба пуштибонии молӣ ва сиёсии Иттиҳоди Аврупо ниёз доранд. Иттиҳоди Аврупо ба эътидол дар марзҳои ҷанубии худ.

Сармоягузориҳои густардаи Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои минтақа рашки аъзо ва ҳамсоягони шарқии онро ба вуҷуд овардааст ва дар ҷануб низ на ҳама ба барномаи Саркозӣ эътимод мекунанд.

Бархе аз сарони ин кишварҳо мегӯянд, худи Саркозӣ борҳо гуфтааст, мухолифи узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупост. Кишварҳои ҷануб ҳамчунин Аврупоро гоҳе ба мудохила дар умури худ айбдор мекунанд ва Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия тарҳи нави Парисро мустамликахоҳии нав номидааст.

Аммо Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, хостори иттиҳод дар роҳи мубориза бо терроризм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳамкорӣ барои ислоҳоти иқтисодӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва расидагӣ ба мушилоти зистмуҳитист. Ва тавре коршиносон мегӯянд, таваҷҷӯҳ ба захираҳои энержӣ.