Баёнияи Эрон оид ба озмоишҳои мушакӣ

Давлати Эрон мегӯяд, нӯҳ мушаки дурбурд ва миёнабурдро дар вокуниш "ба таҳдидҳои Амрико ва Исроил" озмоиш кардааст. Телевизиони давлатии Press TV- и Эрон гуфт, мушаки дурбурди Шиҳоб-3 низ озмоиш шуд, ки ба гуфтаи мақомот қодир ба парвоз дар масофаи 2 ҳазор километр аст ва метавонад, Исроилро низ ҳадаф бигирад. Ҳукумати Амрико озмоиши мушакҳоро маҳкум карда ва аз Эрон хост, сохти мушакҳои дурпарвозро муттавқиф намуда ва аз идомаи озмоишҳо худдорӣ варзад.