G8: партоби газҳои гулхонаӣ коҳиш хоҳад ёфт

Сарони ҳашт кишвари пешрафтаи санъатии олам, баъди баҳсҳои тӯлонӣ, дар бораи коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ тасмим гирифтанд.

Аз нигоҳи коршиносон, тағйири иқлим аз сангинтарин мавзӯъҳои нишасти G8 дар Тояко маҳсуб мешавад. Дар бораи мувофиқаи ҳосилшуда мизбони нишаст, сарвазири Ҷопон Ясуо Фукуда хабар дод: "Гурӯҳи ҳашт" дар мавриди зарурати то соли 2050 дасти кам 50 дар сад коҳиш додани газҳои гулхонаӣ назари воҳид ҳосил кард”.

Дар нишасти як соли пеш сарони Бритониё, Олмон, Италия, Канада, Русия, Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва Ҷопон фақат ваъда карда буданд, ки мавзӯъи коҳиши партоби газҳои гулхонаиро дар чаҳорчӯби мубориза бо тайғири иқлим ҷиддӣ баррасӣ хоҳанд кард. Ва аз ин рӯ, тасмими ахир аз сӯи сиёсатмадорон чун комёбии бузург арзёбӣ мешавад.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон созиши ҳосилшударо “пешрафти чашмрас” номид.

Дэн Прис, ёвари раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дар умури иқтисоди байнулмилалӣ низ мувофиқаро “пешрафти муҳим” хонд.

Жозе Мануэл Баррозо, раиси Комиссиюни Аврупо гуфт, ки ин тасмим роҳро барои талошҳои Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди таҳияи созишномаи нав оид ба гармшавии иқлим ҳамвор мекунад.

Дар изҳороти G8 омадааст, ки ӯҳдадории 50 дар сад коҳиш додани партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо ҳамроҳ бо тақрибан 200 кишваре татбиқ хоҳад шуд, ки зери эъломияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷилавгирӣ аз гармшавии иқлим имзо гузоштаанд. Ба ин хотир, шояд ҳар кишвар дар алоҳидагӣ барномаи вижаи коҳиши газ ба фазоро таҳия созад.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар музокироти шаби гузашта сарони кишварҳои узви G8 бештар рӯи ин мавзӯъ баҳс карданд, ки партоби газҳоро то кадом сатҳ бояд коҳиш дод ва кишварҳое чун Чин ва Ҳиндустон, ки дар ҳоли рушди бесобиқаанд, бояд ба кадом “қурбониҳо” омода бошанд. Сарвазири Ҷопон Фукуда изҳор кард, ки ин ду кишвар ҳамроҳ бо Бразилия, Африқои ҷанубӣ ва Мексико рӯзи чаҳоршанбе ба баҳсҳои G8 дар ин мавзӯъ ҳамроҳ хоҳанд шуд.

Аммо ранг дар коғази созиш хушк нашуда, тасмим мавриди интиқоди муҳофизони муҳити зист қарор гирифт. Аз нигоҳи онҳо, ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ва ё миёнамуддати татбиқи тарҳи коҳиши партоби газҳо мушаххас нашудааст ва рӯшан нест, ки коҳиши партоби ин газҳо аз кадом сол шурӯъ хоҳад шуд. Имрӯз панҷ кишвар, Бразилия, Чин, Ҳиндустон, Африқои ҷанубӣ ва Мексико аз G8 даъват карданд, ки иқдоми худро идома диҳад ва кишварҳои бойи оламро водор созанд, ки то миёнаҳои қарн партоби газҳои гулхонаӣ ба фазоро аз 80 то 95 дар сад коҳиш диҳанд.