Ҳалокати беш аз 20 толиб дар Кунар

Дар вилояти Кунар, воқеъ дар шарқи Афғонистон беш аз 20 тан аз ошубгарон кушта шуданд. Ба иттилоъи вазорати дифоъи кишвар, нерӯҳои ҳукуматӣ бо пуштибонии ҳавопаймоҳои низомии Эътилофи байнулмиллалӣ ба як гурӯҳи бузурги толибон ҳамла карданд. Ҳайати фармондеҳии нерӯҳои ИМА дар Афғонистон низ дар бораи нобудсозии гурӯҳи толибон дар вилояти ҳамсояи Нангарҳор хабар дод.