Бароталӣ Қушматов, мудири департаменти манобеъи оби назди Вазорати кишварзӣ ва обёрии Қирғизистон гуфт аз оби сарбанди Тухтагул фақат барои тавлиди ҳамон миқдор ҳаҷми нерӯи барқ кор гирифта мешавад, ки ниёзи мардум ва иқтисоди кишварашро қаноът дода тавонад.
Вай афзуд, имкони интиқоли ҳаҷми бештари об вуҷуд надорад.
Мудири департаменти манобеъи оби Қирғизистон далел овард, ки ҳаҷми оби сарбанди Тухтагул нисбат ба соли гузашта беш аз чаҳор миллиард мукааб метр коҳиш ёфтааст. Оқои Қушматов мегӯяд, ки Қирғиз истон бо Қазоқистон дар мавриди харидани нерӯи барқи сарбанди Тухтагул вориди гуфтугӯ шуда, вале ин музокирот ҳанӯз ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидааст.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, Қирғизистон бояд ба сармо аз ҳозир омодагии ҷиддӣ бигирад. Мавсуф гуфт, ки ҳаҷми захира кардани об бояд ба ҳадде расад, ки барои тавлиди ҳар чи бештари нерӯи барқ кифоят кунад.
Гуфта шуд, ки соли гузашта Қирғизистон ба кишвар ҳои фаромарзии он, Қазоқистон ва Ӯзбекистон беш аз ду миллиард мукааб метр об интиқол медод, ки дар ҳамин ҳол чунин имконият аз даст рафтааст.
Бароталӣ Қушматов гуфт, байни Қазоқистон Қирғизистон музокира идома дорад ва эҳтимоли қавӣ мавҷуд аст, ки ин гуфтушунид ба фоидаи Қазоқистон анҷом ёбад.
Ҳамасола Қазоқистон ба Қирғизистон ҷиҳати фаъол сохтани марказгармии шаҳри Бишкек мусоидат кардааст. Гуфта мешавад, тавассути мазуте, ки ин кишвари ҳамҷавор ба Қирғизистон медиҳад, дар фасли сармо манзили мардуми шаҳри Бишкек ва идораву муаасисаҳо ва корхонаҳои он бо гармӣ таъмин карда мешаванд.
Дуйшел Маҳмадхонов, раиси пажӯҳишгоҳи масоъили оби Фарҳангистони улуми Қирғизистон, мақараш дар Бишкек мегӯяд, мақомоти кишвараш ҳанӯз ба он появу сатҳ нарасидаанд, ки ба умқи мушкилоти об комилан сарфаҳм раванд.
Ба гуфтаи Дуйшел Маҳмадхонов мақомоти кишвараш мегӯянд, ки пеши обро хоҳанд баст, вале мақомоти кишварҳои фаромарзӣ меоянду бо фиребу найранг оби мавриди ниёзи худро дубора меситонанду мераванд.
Раиси пажуҳишгоҳи масоъили об афзуд, низоме бояд ҷорӣ кард, ки танзими оби рӯдхонаҳоро аз нигоҳи илмӣ таъмин намояд.
Дуйшел Маҳмадхонов ҳамчунин бо таассуф таъкид кард, ки мақомоти кишвараш ба суханони олимону соҳибназарон гӯш намедиҳанд ва аз афкору назари онҳо сарфи назар мекунанд.
Рустам Қобилбеков, раиси Бунёди иҷтимоъии ҳифзи пиряхҳои «Монгу» ба номи Мерсбахер гуфтааст, ки об ин омили ягонаи ҳамоиши кишварҳои Осиёи Марка зист.
Вай афзудааст, агар сарони кишварҳои минтақаи мазбур ба мушкилоти об таваҷҷӯҳи хос зоҳир накунанд, қимати об мунтазам боло хоҳад рафт ва Осиёи Марказӣ бояд мақоми фазои бидуни низоъҳои низомиро касб кунад.