Амрико ҳузури 2 200 туфангдори дарёии худро дар Афғонистон то моҳи ноябр тамдид кард.
Асосан муҳлати хидмати сарбозони 24 воҳиди ҷангии нерӯҳои баҳрии Амрико, ки дар вулусволии Ҳилманди Афғонистон мустақаранд, тамдид мешавад. Сарбозони ИМА дар ҷануби Афғонистон ҳамроҳ бо нерӯҳои Канада, Британия ва Олмон муқобили ҷангҷӯёни толиб меҷанганд.
Ин воҳиди ҷангӣ аз ҷумла барои тамрини нерӯҳои амниятии Афғонистон интиқол шуда буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамаи мутахассисон соли ҷориро хунинтарин ва пурқурбонитарин сол дар Афғонистон арзёбӣ кардаанд.
Бо вуҷуди афзоиш ёфтани нерӯҳо афсарон мегӯянд, ки барои мубориза бо тундравони исломӣ онҳо ба сарбозони бештаре ниёз доранд. Феълан нерӯҳои байнулмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон аз дастикам 50 000 сарбози 40 кишвар иборат аст. 18 моҳ пеш шумораи онҳо 33 000 нафарро ташкил медод.
Дар ҳамин ҳол, моҳи июн барои сарбозони хориҷӣ хунинтарин моҳ аз оғози амалиёти низомӣ дар Афғонистон (соли 2001) буд.
Бино бар иттилоъи хабаргузории “Франс пресс” моҳи июн дар Афғонистон 49 сарбози ISAF дар даргириҳо ё ҳодисаҳои дигар ба ҳалокат расиданд. Ин рақам дар муқоиса ҳатто бо Ироқ, ки дар онҷо 31 сарбози нерӯҳои байнулмилалӣ кушта шудааст, бештар мебошад.
Бино бар иттилоъи хабаргузории “Франс пресс” моҳи июн дар Афғонистон 49 сарбози ISAF дар даргириҳо ё ҳодисаҳои дигар ба ҳалокат расиданд. Ин рақам дар муқоиса ҳатто бо Ироқ, ки дар онҷо 31 сарбози нерӯҳои байнулмилалӣ кушта шудааст, бештар мебошад.
Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дирӯз изҳор дошт, ки барои нерӯҳои NАТО моҳи июн моҳи бисёр мушкил буд, аммо, таъкид намуд ӯ, артиш алорағми афзоиши хушунат бояд стротежии ҳамлагаронаи худро идома диҳад.
Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико адмирал Майк Муллен гуфтааст, ки афзоиши хушунат дар Афғонситон дар пайи тақвияти ҳамлаҳои Толибон ӯро ҷиддан нигарон кардааст. Бо вуҷуди ин, раисиҷумҳури Амрико изҳори этминон намуд, ки стротежии интихобкардаии низомиён муассир ва амалӣ хоҳад буд ва ӯ имкони фиристодани нерӯҳои иловагиро низ баррасӣ карда, ба ҳамин хотир мехоҳад бо ниёзҳои воҳидҳои ҷангӣ шинос шавад.