Имрӯз чархаи дувуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба кор андохта шуд. То охири сол боз ду чархаи дигари нерӯгоҳ бояд ба кор дароварда шаванд
Дар маросими ба кор даровардани он Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Сергей Наришкин, сарвари маъмурияти президенти Русия, ва Сергей Шматко, вазири энержии Русия, иштирок намуданд.
Чархаи аввали нерӯгоҳ 20 январи соли равон фаъъол шуда буд. Чархаи дувум зарфияти нерӯгоҳро ба 335 мегаватт боло бурд. Дар ҳамин ҳол, боз ду чархаи дигари нерӯгоҳ бояд то охири сол ба кор дароварда шаванд, ки дар натиҷа қудрати нерӯгоҳ ба 700 мегаватт хоҳад расид ва истеҳсоли солонаи нерӯгоҳ 2,5 млрд киловатт-соат барқро ташкил хоҳад кард.
Бар тибқи иттилоъи расмӣ, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон солона 3 миллиард соат камбуди барқ дорад ва пурра ба истифода даромадани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» низ мушкили кишварро ҳал нахоҳад кард. Аммо ба назари коршиносон, изҳороти раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми суханрониаш дар маросим фаъъол шудани чархаи дувуми нерӯгоҳ, қабл аз ҳама, ба намоиш гузоштани ҳамкориҳои судманд бо Русия аст, ки ба назар мерасад, баъд аз шурӯъи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» аз Тоҷикистон сахт норозӣ шудааст.
Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон муваффақиятҳои нерӯгоҳи Сангтӯдаро натиҷаи ҳамкориҳои васеъи Русияву Тоҷикистон арзёбӣ кард. Раисҷумҳури Тоҷикистон инчунин гуфт, ки соҳаи энержии об барои Тоҷикистон авлавияти бидуни алтернатива дар рушди иқтисод ва рӯзгори мардум аст: «Аммо барои Тоҷикистон ҳисси худхоҳии миллӣ бегона аст. Дар ин роҳ мо фақат манфиати шахсии худро ба назар намегирем, балки аз рӯи авлавиятҳои умумии минтақа кор мегирем, ки дар онҳо истеҳсоли энержии аз лиҳози экологӣ тоза омили дувумдараҷа ва охирин нест. Хушбахтона, аввалин саҳҳоми ҳамкориҳои муштарак дар ин соҳа, бидуни шакк, Русия аст, ки моро бо он ҳазорҳо ришта ва анъанаи неки дӯстӣ ва эҳтироми дуҷониба мепайвандад».
Оқои Раҳмон аз афзоиши гардиши мол миёни Русияву Тоҷикистон изҳори қаноъатмандӣ кард, ки дар соли гузашта ҳаҷми умумии он ба 850 миллион доллар расид ва дар нимсолаи аввали соли равон он марзи ним миллиардро убур кардааст.
Вай аз коргарон ва мутахассисони тоҷику руси нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» даъват кард, ки баъд аз хатми сохтмон ба нерӯгоҳи «Роғун» раванд: «Барои он ки зиқ нашавед. Шояд шумо андеша кунед, ки баъди ба истифода даромадани нерӯгоҳ чӣ кор мекунед. Ман ба тамоми мақомоти зидахл, ба сарвазир дастур додаам, ки ҳамаи ширкатҳои русии ҳамкор дар «Сангтӯда-1»-ро ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун даъват кунанд. Барои шумо дар он ҷо ҳаҷми бузург ва асосии кор ҷудо шудааст».
Даъвати раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан ширкати Интер РАО ЕЭС-и Русия, масъули сохтмони «Сангтӯда-1» аз ширкат дар нерӯгоҳи Роғун ба далели бесуд будани он даст кашида буд. Ва тавре расонаҳои русӣ навиштаанд, Маскав аз шурӯъи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун, ки бидуни ширкати Русия мегузарад, чандон хуш нест. Русия аз оғози ин пружа яке аз даъвогарони гирифтани саҳмияи контролӣ ё идоратии нерӯгоҳи Роғун буд.
Дар ҳамин ҳол, касе аз ҳайъати Русия чизе дар баробари гуфтаҳои раисҷумҳури Тоҷикистон нагуфт. Аммо Сергей Наришкин, сарвари маъмурияти раисҷумҳури Русия, фаъъол шудани чархаи дувуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро як ҳодисаи на фақат барои минтақа ва Тоҷикистон, балки барои фазои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ низ, муҳим хонд. Вай гуфт, ин далели бузург дар интегратсия ё баҳамоӣ дар ин фазо аст. Оқои Наришкин итминон дод, ки сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар муҳлати таъйиншуда ба итмом хоҳад расид.
Қаблан мақомоти расмӣ эълон дошта буданд, ки дар мулоқоти Эмомалии Раҳмон бо Сергей Наришкин ва вазири энержии ин кишвар Сергей Шматко ҳамкориҳо энержии ду кишвар баррасӣ мешаванд. То вақти омода шудани ин гузориш дар ин маврид бо мо касе суҳбат накард ва нишасти матбуъотие, ки пас аз ин мулоқот бояд барпо мешуд, сурат нагирифт.
Ҳамин тавр, масъалаи ширкати Русия дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки яқин буд дар мулоқоти ҳайъати ин кишвар бо раисҷумҳури Тоҷикистон баррасӣ шавад, норавшан монд.