Шумо, агар имкон медоштед, оё барои иқомати доимӣ ба дигар кишвар муҳоҷират мекардед? Ин буд суъоли як пурсишнома аз мардуми сайёра.
Сабабҳои муҳоҷирати мардум ба дигар мамолик зиёданд, мегӯянд пажӯҳишгарон, аммо назарсанҷӣ исбот мекунад, ки теъдоди бузурги аҳолии сайёра дар макони зисти феълии худ хушбахт нестанд. Аз сӯи дигар, тафовут миёни кишварҳое, ки назарсанҷӣ доир шудааст, бузург ба чашм мерасад.
Дар бархе аз кишварҳо монанди Сиера-Леоне, Гайана, Конго ва Нигерия беш аз нисфи аҳолӣ барои муҳоҷират ба дигар кишварҳо изҳори омодагӣ кардаанд, вале теъдоди ин гуна афрод дар кишварҳое чун Арабистони саъудӣ, Австралия, Тайланд ва Африқои ҷанубӣ ночиз аст. Масалан, дар Арабистони саъудӣ барои пайдо кардани хоҳишмандони муҳоҷират ба дигар кишварҳо бояд ҳафтаҳо биёбонҳои ин кишварро тай зад – дар ин кишвар ҳамагӣ 1%-и пурсидашудагон хостори тарки ватанашон шудаанд.
Дар назарсанҷии Пажӯҳишгоҳи Геллап ҳамчунин барои мушаххас сохтани сабабҳои муҳоҷират ба дигар кишварҳо талош шудааст. Гуфта мешавад, ки бештар мардони ҷавон, танҳо ва камбизоъат дар бораи муҳоҷират андеша мекунанд ва ҳадаф аз муҳоҷиратро ҷустуҷӯи даромади бештар меҳисобанд. Теъдоди зиёди пурсидашудагон – 38 дарсад – гуфтаанд, ки, агар имкон медоштанд, ба он кишварҳое муҳоҷират мекарданд, ки онҷо дӯстон ё пайвандонашон ба сар мебаранд.
Миёни кишварҳои Шӯравии собиқ аз ҳама бештар сокинони Молдова (сеяки пурсишудашудагон) ва ҳар фарди чаҳорум дар Укроин хоҳишманди муҳоҷират ба дигар мамолик шудаанд. 20%-и қирғизҳо ва 17 дарсади шаҳрвандони Русия ҳам аз ҷои зисти феълии худ розӣ нестанд. Аҷиб он аст, ки миёни шаҳрвандони Шӯравии собиқ аз ҳама камтар сокинони Тоҷикистон – ҳамагӣ 12 дарсади пурсидашудагон – хостори тарки диёрашон шудаанду халос ва ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи ғайрирасмӣ, беш аз 1 миллион сокини кишвар дар Русия, Қазоқистон ва кишварҳои аврупоӣ дар муҳоҷирати кориянд.
Ба иттилоъи Созмони милали муттаҳид, айни ҳол тақрибан 200 миллион сокини сайёра дар хориҷи кишварҳои худ ба сар мебаранд. Бонки ҷаҳонӣ дар як пажӯҳиши худ муқаррар кардааст, ки муҳоҷирон ҳамасола ба пайвандони худ 300 миллиард доллар мефиристанд.