Барномаи нави Қазоқистон алайҳи фасод

Соли равон бори нахуст дар Қазоқистон арзёбии ба фасод олуда будани ниҳодҳои давлатӣ сурат мегирад.

Ба гуфтаи Сергей Злотников, раиси иҷроияи «Трансапаренси Казахстан», бар пояи ин арзёбӣ ҳар сол то чӣ андоза ба фасод олуда будани ниҳодҳои гуногуни давлатӣ муайян карда мешавад. Ин тарҳ аз ду бахш иборат аст. Дар бахши аввал, тавре сарвари иҷроияи «Транспаренси Казахстан» мегӯяд, худи давлат муайян хоҳад кард, ки кадом ниҳодҳояш олудаи фасод аст ва дар бахши дуюм ин корро ниҳоди мустақил анҷом хоҳад дод.

Алъон давлат арзёбии дараҷаи ба фасод олуда будани 31 ниҳоди хешро идома медиҳад. Барои ниҳодҳои мустақил бошад, ҳоло озмун эълон шудааст ва аз нимаи дуюми сол он созмоне, ки баранда мешавад, ба арзёбии мустақили фасод дар ниҳодҳои давлатӣ шурӯъ мекунад. Дар бахши дуюм ҳамчунин харитаи фасод дар кишвар ба вуҷуд оварда мешавад ва ҳамин тавр, муайян хоҳад шуд, ки дар кадом манотиқ ва ё ниҳоди давлатӣ фасод зиёд асту дар кадоме аз онҳо камтар.

Оқои Злотников таъкид намуд, ки бар пояи ин арзёбӣ тасмими мушаххас гирифта шуда, ҳатто сарварони дар мақоми аввал қарордошта аз вазифаашон барканор хоҳанд шуд. Ҷиҳати мубориза алайҳи фасод бо ёрии молии Комиссиюни Аврупо ва ширкати «Транспаренси Казахстан» дар шаҳрҳои Алмаато ва Остона ду маркази ҳуқуқии зидди фасод ташкил карда шудааст. Ба ин марказҳо одамон ошкоро ва ҳам бидуни гуфтани номи хеш муроҷиат мекунанд ва дар бораи ин ё он фасодкорӣ дар кишвар иттилоъ медиҳанд.

Солҳои ахир, ба гуфтаи оқои Злотников, мубориза алайҳи фасод дар кишвар натиҷаҳои беҳтар медиҳад ва ҳоло метавон даҳҳо ҳодисаҳои боздошт ва ба маҷозот кашидани на танҳо ҳокимони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, балки вазирон ва дигар масъулини давлатиро баён намуд.

Вале, аз сӯи дигар, Дос Кошим, сарвари созмони ҷамъиятии «Улт тағдири» яъне «Тақдири миллат», бар ин аст, аз як тараф ба мубориза алайҳи фасод даст задани худи давлат баёнгари ин аст, ки фасод комилан дар ҳама ниҳодҳо реша давондааст ва мубориза алайҳи он басо мушкил гардида. Аз ин хотир оқои Кошим мегӯяд, ба мубориза алайҳи фасод ҷалб кардани худи давлат ва як созмони мустақил кам аст ва бояд дар ин кор аҳли ҷомиа ба таври фаъол ширкат кунад.

Сарвари созмони иҷтимоии «Улт тағдири» иброз медорад, «бале бояд аҳли ҷомеъа давлатро назорат намояд, вале то ҷое медонам, дар Қазоқистон чунин ниҳоди қонунӣ мавҷуд нест. Вале чунин меҳисобам, ки алъон чунин ниҳодеро бояд ба вуҷуд овард, ки тавассути он худи шаҳрвандон ҳадди ақал дар сатҳи маҳаллӣ ба фасод назорат намоянд».

Окои Кошим афзуд, ки шабеҳи чунин ниҳод дар замони шӯравӣ дар шакли кумитаи назорати халқӣ вуҷуд дошт, вале ин кумитаи назорат худ зери назорати ҳизб фаъолият мекард. Созмони нав, ба андешаи сарвари созмони иҷтимоии «Улт тағдири» бояд мустақил бошад ва аз қишри гуногуни ҷомиа ба шумули намояндагони аҳзобу созмонҳои ҷамъиятӣ ташкил ёбад.