Дар Доғистон раиси пулиси шаҳрӣ кушта шуд

Бино ба гузоришҳои матбуъотӣ, афроди мусаллаҳи номаълум шоми рузи душанбе Муҳаммадарип Алиев-раиси пулиси шаҳри Буйнаки Доғистонро ҳадафи тир қарор додаанд. Афроди мусаллаҳ ба суи автомобили Алиев оташ гушодаанд ва аз маҳалӣ ҳодиса ғайб задаанд. Пулис расидагӣ ба ин кушторро оғоз кардааст.