Ҳизбҳои сиёсии фаъъол дар вилояти Хатлон барои дарёфти курсии нави вакили порлумон вориди рақобатҳои тоза гардиданд.
Дар интихоботи миёнадаврӣ дар шаҳрҳои Қурғонтеппаю Сарбанд ва ноҳияи Бохтар, ки 10-уми августи имсол баргузор мешавад, ҲХДТ, ҲНИТ, ҲСТ ва ҲИИТ бо номзадҳои худ ширкат хоҳанд варзид.
Барандаи ин интихоботи миёнадаврӣ дар порлумон Асомуддин Саидов, собиқ вакили Маҷлиси намояндагон ва феълан сафири Тоҷикистон дар Қирғизистонро, иваз хоҳад кард.
Ҳамакнун фақат ҲХДТ исми номзади худро дар интихоботи миёнадаврии 10-уми август эълом кард. Генерал-майори адлия Саодат Амиршоева, ки таййи 16 соли ахир раёсати идораи адлияи вилояти Хатлонро ба дӯш дошт, ҳарчанд узви ҳизби ҳоким нест, аммо аз ҷониби ин ташаккули сиёсӣ вориди интихобот шудааст.
Хонум Амиршоева гуфт, мусоидат дар рушди ҷомиъаи мардумсолорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон аз муҳимтарин нукоти барномаи қалбазинтихоботиаш аст.
Ҳарчанд ағлаби коршиносони маҳаллӣ ба пирӯзии номзади ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар интихоботи миёнадаврӣ, хоҳ генерал-майор Саодат Амиршоева бошад, хоҳ каси дигар, шак намебаранд, аммо масъулини ҲНИТ, ки дар се соли ахир аз ширкат дар ҳама гуна интихоботи ҷузъӣ худдорӣ меварзиданд, ин бор иддаъои зафар мекунанд. Қаландари Садурдинзода, раиси бахши ин ҳизб дар Хатлон, мегӯяд, ки дар сурати мунсифона доир шудани интихобот, номзади ҳизб дасти боло хоҳад дошт ва қабл аз ҳизбҳои дигар эълом шудани исми номзади ҳизби халқии демократиро гувоҳи заъфи шохаҳои ҳизби ҳоким унвон кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бахши хатлонии ҲСТ низ аз тасмими барои бори аввал бо номзади худ дар интихобот ширкат варзиданро эълом додааст. Дилбар Солиева, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар Хатлон, гуфт, давоми ҳафтаи ҷорӣ сотсиалистони ҷануби кишвар номзади худро барои ширкат дар интихоботи миёнадаврӣ интихоб мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, бахши хатлонии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, то ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъ бо номзади худ ширкат меварзад ё аз номзади ҳизби ҳокими халқии демократӣ пуштибонӣ мекунад. Нигорбӣ Нурова, масъули бахши хатлонии ҳизб: «Агар мо номзаде пайдо накунем, аз номзади Ҳизби халқии демократӣ шояд пуштибонӣ кунем».