Тақозои Страсбург аз Маскав ҷиҳати М. Искандаров

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Додгоҳи Аврупо аз мақомоти Русия хост, ҷузъиёти истирдоди мармузи М. Искандаров аз ин кишвар ба Тоҷикистонро бармало кунад.
Раиси маркази байнулмиллалии ҳифзи ҳуқуқ ва вакили додгоҳӣ Карина Акопова аз Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо чоршанбеи 18-уми июн дар суҳбат бо бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар Маскав хабар дод, ки додгоҳи Страсбург дар робита ба истирдоди мармузи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон, дар моҳи апрели соли 2005 аз Маскав ба Душанбе ба мақомоти Русия дархост ирсол карда, хостори посух ба ин масъала шудааст.
Муҳофизи ҳуқуқ ҳамчунин гуфт, ки дархост иборат аз 5 суъоли бо далелу бурҳон аст ва посух ба ин пурсишҳо, ба бовари ӯ, ҳодисаи рабуда шудани Искандаровро равшан хоҳад кард.
Ҳуқуқшинос афзуд, иддаъои Русия, ки худро дар ин ҳодиса беҷурм меҳисобад, бебунёд аст, чунки, ба гуфтаи вай, дар амалиёти рабудани Искандаров на нерӯҳои амниятии Тоҷикистон, балки маҳз Русия иштирок кардаанд. Русия ба уҳда мегирад ё не, ихтиёр дорад, вале як масъала комилан равшан аст, ки ҳукумати Русия намебоист шахсеро, ки дар кишвари худ ба ҳайси мухолиф ва ё оппозитсионер шинохта шудаст, таслим медод – пас Русия он чи дар қиболи Маҳмадрузӣ Искандаров кардааст, аз нигоҳи ҳуқуқи башар, ғайриқонунӣ аст.
Анна Ставитская, вакили дифоъи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров
Додгоҳи Страсбург дархости худро ба мақомоти Русия дар замиинаи бозрасиҳои анҷомдодаи Анна Ставитская таҳия кардааст. Ба гуфтаи Анна Ставитская, дар чаҳорчӯби меъёрҳои байнулмилалӣ Русия муваззаф аст ба пурсишҳои додгоҳи Аврупо то 24-уми сентябри соли равон посухи возеҳ бигӯяд.
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, яке аз ҷангсолорони мухолифин дар замони ҷанги шарҳвандӣ, баъди имзои сулҳ дар соли 1997 раёсати Ширкати давлатии гози Тоҷикистонро дар уҳда дошт. Пас аз сабукдӯш шуданаш аз ин вазифа ӯ дар Маскав ба сар мебурд ва моҳи апрели соли 2005 дар шаҳри Королёви вилояти Маскав аз сӯи як гурӯҳи номаълум рабуда ва аз тариқи фурудгоҳи низомии шаҳри Чкаловски Русия ба нерӯҳо амниятии Тоҷикистон супурда шуд. Баъди ин Додгоҳи олии Тоҷикистон М. Искандаровро бо иттиҳоми ғорати амволи давлатӣ, ташкили дастаҳои низомӣ, терроризм, роҳзанӣ ва ғайра ба 23 соли зиндон маҳкум кард.
Вакилони додгоҳии М. Искандаров бар ин боваранд, ки дар сурати посухи содиқонаи мақомоти Русия ба дархости додгоҳи Аврупо шеваи рабудани раиси ҳизби демократи Тоҷикистон дар Русия равшан гардида, муҷримини ин ҳодиса ҳам муайян хоҳанд шуд.