Вокуниши аҳзоб ба гирдиҳамоии Хоруғ

Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ

Аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар бораи гирдиҳамоии Хоруғ вокуниши эҳтиёткорона карданд.

Раҳматулло Зойиров, райиси Ҳизби сотсиал-демократ, ки созмони бадахшониаш эълом дошт раҳбарии гирдиҳамоиро бар ӯҳда дорад, дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ҳизбаш ба гирдиҳамоӣ омодагии қаблӣ надошт. Вай афзуд, баробари мустақар шудани нерӯҳои эъзомии ҳукумати марказӣ дар Бадахшон ва ба нишони эътироз даст задани чанд гурӯҳ ба гирдиҳамоӣ, созмони вилоятии ҳизбаш ба хотири таъмини тартибу низом вориди гирдиҳамоӣ шуд. Вай афзуд, аз ин беш сӯҳбат карда наметавонад.


Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ, ҷиноҳи Искандаров

Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки як ҳафта қабл созмони бадахшонии худро ташкил кард, мегӯяд, тақозои гирдиҳам омадагони Бадахшон аз ҳукумат дар мавриди асоснок кардани вуруди нерӯҳои ҳукумати марказӣ бедалел нест. Вай афзуд, ин ҳама бояд аз тариқи қонунӣ ҳалли худро ёбад. Оқои Валиев афзуд, ҳизбаш ҳанӯз ин мавзӯъро баррасӣ накардааст, ки дар гирдиҳамоӣ ширкат кунад ё не?

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълом дошт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин гирдиҳамоӣ ширкат нахоҳад кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ гуфт, ба созмони вилоятиаш дар Бадахшон дастур додааст, ки дар гирдиҳамоӣ ширкат накунад. Вай афзуд, ҳизбаш танҳо дар тадобире саҳм хоҳад гирифт, ки ҳалли мусолиматомези қазияро дар пай дорад. Оқои Кабирӣ ҳамчунин афзуд, масъалаи баргузории гирдиҳамоиро ҳеҷ яке аз гурӯҳҳо ё ҳизбҳо дар Бадахшон бо созмони вилоятии ҲНИТ матраҳ накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Мӯсо Асозода, райиси созмони Ҳизби халқӣ - демократии ҳоким дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ҷонибдори баргузории митинги Бадахшон нест. Вай афзуд, аз як гирдиҳамоии осоишта нерӯҳои дохиливу хориҷӣ ба манфиати хеш истифода мекунанд ва ин оқибати хуб барои давлатдории тоҷикон надорад.

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ба назар мерасад, дар амри баррасии гирдиҳамоии Бадахшон иттилоъи кофие надоранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки манобеъи ҳукуматӣ дар ин масъала изҳори назар намекунанд.

Ахиран вазорати дифоъи Тоҷикистон эълом дошт, ки дар Бадахшон баргузории ягон размоишро дар назар надорад. Аммо вазорати умури дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон то лаҳзаҳои омодашавии ин гузориш изҳороте пахш накардаанд.