Қонуни зидди муҳоҷирон дар Иттиҳоди Аврупо

Порлумони Аврупо имрӯз қонунеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он муҳоҷирони ғайриқонунӣ барои 18 моҳ боздошт шуда, вуруди дубораи онҳо ба кишварҳои иттиҳод барои 5 соли дигар мамнӯъ хоҳад гашт. Ин қонун дафъатан ҳадафи танқиди созмонҳои ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Афви байнулмилал, қарор гирифт. Дар Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли ҳозир то 8 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ ба сар мебарад. Дар нимаи аввали соли гузашта беш аз 200 000 нафари онҳо боздошт шуда, камтар аз 90 000 муҳоҷир ихроҷ гардид.