Суҳбати хабарнигори родиюи "Озодӣ" Абдулқайюми Қайюмзод бо Муҳаммадҷони Нурӣ
Баъди даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раис ва муассиси ҲНИТ, дар ду соли қабл сару садоҳо дар бораи интихоби писари бузургаш ба ҷои вай дар расонаҳо ва маҳофили сиёсӣ зиёд садо доданд. Писари оқои Нурӣ Муҳаммадҷон ҳоло узви раёсати Олии Шӯрои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буда, 34 сол дорад. Ӯ донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм ва ҳудуди се сол дар донишгоҳи улуми инсонии шаҳраки Шатошинои Фаронса таҳсили илм кардааст. Соҳиби ду фарзанд аст ва ба тиҷорат машғул аст.
Аммо оё ин сарусадоҳо то куҷо воқеъият доштанд ва Муҳаммадҷони Нурӣ дар пайроҳаи падари худ гом заданӣ ҳаст ё хайр. Дар як суҳбат бо ӯ нахуст пурсидем, ки оё овозаҳо дар бораи интихобаш ба мақоми раиси ҲНИТ то куҷо воқеъӣ буданд.
Баъд аз даргузашти устоди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ сару садоҳо дар бораи интихоби шумо ба ҷойи ӯ дар раъси ҳизб дар матбуот садо доданд. Ва интихоби шумо ба унвони узви раёсати олии ҲНИТ мисле, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ин кор шуда бошад? Оё воқеан чунин ҳарфҳо замина доштанд?
- Албатта, то андозае мешавад гуфт, ки буданд чунин ҳарфҳо ва ҳатто дар замони ҳаёти устод, раҳматуллоҳи алайҳ, низ буданд. Вале на ба он андозае, ки собит ва муҳкам бошад, ки, масалан, ман ҳатман ҷойгузини устод мешудам. Вале табиъатан ин чизҳо дар ҳамаҷо вуҷуд дорад ва, мешавад гуфт, ки дар чунин ҳолатҳо на фақатнисбати ман, балки нисбати дигарҳо низ чунин овозаҳо буданд.
- Зимнан, ҷаноби Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари рӯҳонии ҳизб дар яке аз мусоҳибаҳои матбуъотиаш ба ин мавзӯъ ишора карда ва гуфта буданд, ки доираҳое мехостанд сарнавишти ҲДТ ва ҲСТ-ро дар ин ҳизб озмоиш кунанд. Яъне, ин ҳизбро ба шохаҳо қисмат кунанд ва, ҳамин тавр, чунин овозаҳо дар расонаҳо садо додааст?
- Ростӣ, аз ин мусоҳибаи устод Ҳимматзода хабар надорам. Дар бораи инки болои ҳизби мо сарнавишти дигар ҳизбҳо меояд, чунин андешаҳо ва назарҳо, албатта, дар ҷомиъа вуҷуд дошт. Вале раҳбарият ва масъулини ҲНИТ тавонистанд, ки ҳамин гуна овозаҳоро бартараф намоянд. Яъне бо иттиҳоде, ки дар байнашон вуҷуд дорад ва дар воқеъ, ки баъди даргузшти устод ин иттиҳод мунсаҷимтар ва бештар гардид. Ва то ҳоли ҳозир, чунонки мебинем, ҲНИТ, ҳарчанд на ба он андозае, ки дар замони ҳаёти устод фаъъолият мекард , фаъъол нест, вале ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад, мунсаҷим аст, фаъъолият дорад ва дар тамоми маъракаҳои муҳимми сиёсӣ кору фаъъолият бурда истодааст.
- Инки мегӯед ин сару садоҳо то андозае вуҷуд доштаанд, яъне ингуна хоҳиш ва дархостҳо аз ҷониби ҳамҳизбиҳои шумо садо медоданд ва ё аз ҷониби мақомот?
- Метавон гуфт, ки ҳам аз дохили ҳизб, аз ҷониби тарафдорон, ҳаводорону аъзо ва ҳам аз берун. Бештар дар берун ин гуна овоза ва фикрҳо мавҷуд буд. Барои онки дар дохил то андозае аъзо ва тарафдорон ва масъулин баъди даргузашти устод кӯшиш мекарданд, ки ба ин чиз роҳ надиҳанд, вале дар берун бештар буд ин гуна андешаҳо.
- Ҳамин тавр, бархе аз роҳбарони ҳизб дар бораи кадом як васияти устод Нурӣ ҳарфҳо заданд. Гӯиё ин васият дар бораи нафари ҷойгузини он кас дар ҳизб буда бошад. Бо шумо низ дар ин бора аз тарафи устод суҳбатҳо сурат гирифта буд?
- Ростӣ, бо устод роҷеъ ба масоъили сиёсиву иҷтимоъӣ ва низ дар мавзӯъоти дигар зиёд суҳбат мекардем. Ман на ба ҳайси мушовир ё касе дигар, балки ба ҳайси як донишҷӯ ин масоъилро пурсуҷӯ мекардам. Аз ӯ андешаҳояшро перомуни ин масоъил донистан мехостам. Аммо перомуни ончи, ки шумо пурсидед, ҳеҷ гоҳ суҳбат надоштем, ки худи устод касеро ҷойгузини худаш интихоб карда бошад. Ҳеҷ гоҳ ҳамчунин чизе мо надоштем.
- Ва ҳамин гуна васият ҳам набуд?
- На, васият ҳам набуд. Як чизи дигарро мехоҳам қайд кунам, аз суҳбатҳое, ки ҳамроҳи ӯ мекардам, чунин дарк мекардам, ки, масалан, дар бисёре аз ҷомиъаҳо, ҳатто дар давлатҳо, баъд аз барканории президент, даргузашти роҳбарон фарзандонашон ворис ва ҷойгузин мешуданд.
Устод кӯшиш мекарданд, ки ҳамин қолаб дар дохили ҳизб шикаста шавад. Яъне иҷозат ҳам намедоданд, ки ҳамчунин чизе сурат бигирад.
- Дар мавриди фаъъолияти сиёсии худ ва ҷалби шахси шумо ба ин роҳ суҳбатҳо ҳам мекарданд, ки шумо ҳам, масалан, ба сиёсат бипайвандед ва роҳи он касро идома бидиҳед?
- Устод дар мавриди тарбияти фарзандонашон як хислати аҷиб доштанд. Ҳеҷ гоҳ моро водор ба коре намекарданд, масалан, ҳеҷ гоҳ намегуфтанд, ки ту сиёсатмадор мешавӣ, ту доктор бошӣ ва ё ту ҳатман мулло бошӣ. Дар яке аз насиҳатҳое, ки доштанд, ба мо гуфтанд, ки Шумо, аз онки фарзанди ман ҳастед, ифтихор накунед. Шумо саъй кунед, талош кунед, ки худ барои худ шахсият бошед. Ҳамин тавр моро раҳнамоӣ мекарданд.
- Чунин ба назар мерасад, ки бо рафтани муассиси ҳизб нақши он дар ҷомиъа коҳиш ёфтааст ва ҳукумат низ дигар бо ҳизб на ба он шевае бархӯрд мекунад, ки қаблан дошт? Шумо дар ин бора чи назар доред?
- Албатта, мешавад гуфт, ки ман то андозае ба ин фикр розӣ ҳастам. Чун дар даврони будани устод шахсияти ӯ, кордонӣ ва фаъъолияти ӯ хосса ба худаш буд. Аммо ҳанӯз ҳам ҲНИТ, ки дар ҳама ҳолатҳо саъю талош дорад, ки бо давлат ва ҳукумат дар ҳамкорӣ бошад. Дар ҳама ҷиҳат, вале бо даргузашти устод, бале, ман инро ҳамин тасдиқ мекунам, ки ин равобит то андозае коста шудааст, вале на аз ҷониби ҲНИТ балки аз ҷониби ҳукумат то андозае коста шудааст.
- Бубинед, масалан, ҳизб ба унвони як нерӯи сиёсӣ аз изҳори назар ва равшан кардани мавқеъи худаш дар баробари ҳаводиси кишвар худдорӣ мекунад. Ва гоҳо ҳам ин мавқеъгирии ҳизб аз ҷониби коршиносон ва ҳатто сафири Бритониё мавриди накӯҳиш қарор гирифт. Сабаби ин дар чист?
- Инҷо набояд фаромӯш кард, як тарафи асосие, ки ба кишвар сулҳу субот овард, ҳамин ҲНИТ аст. Дар бисёре аз мавридҳо мавқеъгириҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба хотири амният ва сулҳи кишвар аст. Дар бисёре аз мавридҳо гузаштҳо ва мавқеъгириҳои ҳизб маҳз ба хотири амният ва сулҳу суботи кишвар аст. Мебинем, ки баъзе нооромиҳо ҳанӯз ҳам дар ин ва ё онҷои кишвар пеш меояд. Мо намехоҳем ин чизҳо дигарбора шурӯъ шавад. Мо мехоҳем, ки сулҳу субот ва амният дар кишвар ҷорӣ бошад. Барои ин бояд хеле сабур буд. ҲНИТ ҳамон сиёсати устодро пеш гирифтааст ва ба ҳамон пеш меравад.
- Яъне, шумо бар ин назар ҳастед, ки агар ҲНИТ дар мавриди ин ва он ҳодиса ва ё иттифоқоте, ки дар кишвар рух медиҳад, изҳори назар кунад, сулҳ халалдор мешавад?
- На, на! Ман инро дар назар надорам, ки ҲНИТ дар мавриди проблемаҳои кишвар мавқеъи худашро иброз кунад, сулҳ дар хатар меафтад. Фақат дар баъзе ҳолатҳое, ки дида мешавад ва ман инҳоро дар назар дорам, вале дар бисёре аз ҳолатҳо ҲНИТ мавқеъи худро тавассути расонаҳои худ ва дигар нашрияҳои даврӣ баён мекунад. Хуб, интиқодот вуҷуд доранд ва дар як ҷомиъаи демократӣ, дар як ҷомиъаи озод ин чизҳо ҳамеша вуҷуд доранд.
- Масалан, вақте мегӯянд, ки ҲНИТ як тарафи қазияи сулҳ буд, яке аз созмонҳои узви Иттиҳоди Оппозисиюни пешини Тоҷик буд, табиъист, ки тарафи дигари ин қазия давлати феълии Тоҷикистон аст. Аммо, бубинед, ин қадар суҳбатҳое, ки аз боби сулҳ дар расонаҳои расмӣ ва тавассути давлатмардони имрӯза мешавад, танҳо аз нақшу мақоми як ҷониб гуфта мешавад ва онҳо дар ин замина ҳарос ҳам надоранд ҳар чизе бигӯянд, ки боъиси аз байн рафтани сулҳ шавад. Пас чаро, агар намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чизе бигӯянд, ин боъиси носуботӣ ва аз байн рафтани сулҳ мешавад?
- На, ман гуфтам, ки маҳз, агар дар ин ё он коре ҲНИТ мавқеъи худашро иброз кунад, масалан, амнияту сулҳу субот ба хатар меафтад, на. Зиёд мебинем, ки ҲНИТ дар бисёре аз масъалаҳо мавқеъи худашро баён карда истодааст.
- Оё нийяти ба сиёсати фаротар аз чаҳорчӯби ҳизб ва, ба истилоҳ, калон ворид шуданро доред? Масалан, омода ҳастед, ки ҳамчун номзад ба вакили порлумон дар маъракаҳои интихоботӣ ширкат варзед?
- Омодагӣ дида истодаам, вале феълан не. Иншоаллоҳ, бубинем, ки дар оянда боз чи хоҳад шуд.
- Ва агар имрӯз фаъъолони ҳизб ҳамин тавр пешниҳод кунанд, ки инак фурсат расид номзадии шумо ба унвони Раис матраҳ шавад, дар ин самт ҳам омода ҳастед?
- Ҳанӯз чизе гуфта наметавонам.
- Имрӯз гурӯҳе бо номи Салафиҳо дар матбуъот ва муассисоти динӣ аз худ дарак дода ва даст ба ислоҳоте мезананд, ки як навъ хилоф бо анъаноти суннатӣ арзёбӣ мешавад. Бархе аз руҳонияти саршинос ба онҳо мухолифат карданд. Шумо дар ин бора чи назар доред?