Омодагӣ ба як амалиёти густарда дар Қандаҳор

Нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон ва артиши кишвар дар вилояти Қандаҳор ба як амалиёти густарда алайҳи Толибон, ки ахиран чанд деҳаи волусволии Арғандобро ишғол кардаанд, омодагӣ мегиранд. Ин волусволӣ дар 15 километрии шимолу ғарби Қандаҳор воқеъ аст. Аз тариқи чархболҳои НАТО болои ин деҳаҳо варақаҳо паҳн мешавад, ки дар онҳо аз мардуми маҳаллӣ даъват шудааст манзилҳои худро тарк кунанд. Тибқи хабарҳо, то имрӯз тақрибан 4 ҳазор нафар аз ин деҳаҳо хориҷ шудаанд.

Вазъ дар вилояти Қандаҳор баъди он ноором шуд, ки охири ҳафтаи гузашта садҳо толибон аз зиндони шаҳр фирор карданд.