Рӯ ба Қазоқистон овардани тоҷикон аз баҳри чист?

Вақте дар Тоҷикистон нооромиҳо оғоз шуд, Қурбоналӣ Бухориев маҷбур шуд таҳсил дар Донишгоҳи варзишро тарк карда, рӯ ба муҳоҷират биорад.

Сарнавишти Қурбоналӣ Бухориев шабеҳи такдири ҳазорон ҳамсолаш аст. Қурбоналӣ мегӯяд, вай орзу дошт омӯзгор ва гӯштингири хуб шавад ва шогирдонро таълим диҳад, вале ҷанги дохилӣ ва мушкилоти зиндагӣ садди хостаҳои ӯ гардиданд ва акнун солҳост, ки дар бозори Алмаато ба тиҷорат машғул аст. Ба гуфтаи вай, дар бозор садҳо муҳоҷире ҳастанд, ки худ духтур, омӯзгор ва муҳандису соҳиби дигар пешаву ҳунаранд, вале алъон азоби муҳоҷират мекашанд. Ҳол он ки дар Тоҷикистон ба чунин мутахассисон бештар ниёз мавҷуд аст. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон - Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо муҳоҷирони тоҷики муқими Қазоқистон низ баён намуда буд.

Вале мавҷи муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русияву Қазоқистон ва дигар кишварҳо ҳамоно боло меравад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати дигари мо Амруллои Нурулло, ки худ омӯзгор асту беш аз 15 сол дар Алмаато ба тиҷорат машғул аст, чанд сол қабл одамон аз камии маош рӯ ба муҳоҷират меоварданд, вале акнун омилҳои дигар низ ҳастанд, ки мардумро водор сохтаанд, азоби муҳоҷират ва дурӣ аз пайвандонро бар дӯш гиранд. Ӯ мегуяд: «Имрӯз бубинед, ки аз Тоҷикистон ағлаби мардуме, ки дар замони шӯравӣ ва баъди он донишгоҳҳои бузурги худамон ва берун аз онро хатм карда буданд, қариб, ки дар Ватан кору фаъолият надоранд. Ин аз як ҷиҳат паст будани иктисодиёт ва басо поин будани будани маошро нишон диҳад, аз тарафи дигар, рӯирост бояд гуфт, ки имрӯз дар Ватанамон ҳисси маҳалгароие вуҷуд дорад, ки ба фикрам, агар то шиносномаи худро иваз накуниву дар он шиноснома як минтақаи диёрамон сабт нашуда бошад, ба шумо рӯирост ҷои кор нест. Ман аз бисёр ҷавононе, ки ҳамарӯза ба ин тарафҳо меоянд, суол мекунам ва онҳо мегӯянд, ки вакте мо ба кор меравем, аввал шиносномаи моро мебинанд. Чун мебинанд, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ мо аз он минтақа нестем, рӯирост мегӯянд, ки бародарон ба шумо ҷои кор нест. Аз ҳамин сабаб мо ҳам мисли дигарон дар берун аз марзи кишварамон кору фаъолият мекунем».

Бар илова, ба таъкиди Амрулло, таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон душвор гардидааст, вале ин мушкилӣ на аз он аст, ки омӯзгорон сахтгиранду аз шогирдон дониш талаб мекунанд. Балки дар ағлаби донишгоҳҳо омӯзгорон ришва мегиранд ва бештар онҳое соҳиби маълумоти олӣ мегарданд, ки на донишу маҳорат ва ҷаҳонбинии хуб доранд, балки фарзандони одамони сарватманд ҳастанд.

Ин нуктаро як ҳамсӯҳбати дигари мо, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд, низ таъйид кард: «Аз таҷрибаи хеш ба чунин хулоса омадам, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон барои ағлаби фарзандони камбағал ҷой нест. Ҳамчунин макотиби олӣ дониши дуруст намедиҳад. Агар дониш диҳад ҳам, касони макотиби олии Тоҷикистонро нағз хатмкарда ҷои кор намеёбанд. Лекин барои бесаводҳо ҷои кор тайёр. Аз ин рӯ дар мактабҳои олии Тоҷикистон ҳоло тамоман бесарусомонӣ аст - фасод хеле тараққӣ карда аст. Ҳатто дар мактабҳои буҷавӣ низ боз пули калон талаб мекунанд. То ҳамон пулро надиҳӣ, ҳамон бачаҳои саводнок ҳам дохил шуда наметавонанд. Мана бачаҳое, ки гимназия -литсейҳоро хатм мекунанд, нисбати бачаҳои мактабҳои миёна босаводанд, вале ҳамонҳо низ бепул дохил шуда наметавонанд. Оянда ҳамин хел давом кунад, боз ҳамон бесаводӣ тараққӣ мекунад, ҷамъият пеш намеравад. Агар ҳамин ришвахурӣ намешуд, ҷомеъаи Тоҷикистон дар солҳои наздик пеш рафтанаш мумкин буд».

Чизи дигаре, ки муҳоҷиронро нигарон кардааст, ин аст, ки ағлаби донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ ҷои кор намеёбанд ва гӯё бештари донишгоҳҳо бидуни назардошти эҳтиёҷоти кишвар танҳо ба хотири дипломдиҳӣ фаъолият мекунанд. Дар ин бора Раҳматҷон Маллаев, ки худ табиб асту дар Сабзбозори Алмаато меваи хушк мефурӯшад, чунин мегӯяд: «Агар, масалан, сад нафар донишгоҳро хатм кунанд, тахминан танҳо 15-20 нафарашон бо кор таъмин мешаванд. Дигар ҳамаашон ба тарафи Русия мераванд, чунки шароити кор нест, маош кам. Ман ҳам маҷбур шудам, пешаи духтуриро партофта ба ин ҷо биёям».

Ҳамчунин солҳои ахир дар байни муҳоҷирони тоҷики муқими Қазоқистон кӯдакон пайдо шуданд. Онон аз Тоҷикистон тарки мактаб намуда, барои расонидани ёрии моддӣ ба волидонашон рӯ ба ин кишвар овардаанд.

Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, алъон дар Тоҷикистон шумораи зиёди одамон муҳоҷиратро ихтиёр кардаанд ва дар ағлаби деҳу шаҳрҳои кишвар ҳоло ҷавонону миёнсолон ва мутахассисони босавод ангуштшумор мондаанд. Ва ин раванд вазъи иқтисодиву сиёсии мушкили кишварро боз ҳам душвору сангинтар хоҳад кард.