Нишасти нахустини ҳайатҳои Чину Тайван

Ҳайатҳои намояндаи Тайван ва Чин имрӯз барои нахустин бор баъди соли 1999 музокироти расмии худро оғоз мекунанд. Қарор аст дар ин нишаст масъалаи афзоиши шумори парвозҳо дар хатсайрҳои миёни ду ҷониб баррасӣ шавад. Гуфта мешавад, ки 59 сол инҷониб миёни Тайвану Чин иртиботи банақшагирифташудаи нақлиётӣ вуҷуд надорад.