Аъзои ҲТТ ба гуруснанишинӣ хотима доданд


Холиқи Сангин



Чаҳор узви Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон пас аз 6 рузи гуруснашинии сиёсӣ 18 март ба ин иқдоми эътирозии худ поён бахшиданд. Раёсати Ҳизби Тараққиёт таъкид намуд, ки мақомоти зирабт, бахусус вазорати адлияи Тоҷикистон дар баробари гуруснанишинии сиёсии суратгирифта ҳеҷ вокуниши расмӣ нишон надоданд ва ба ин далел дурнамои сабти ном шуудани оинномаи Ҳизби Тараққиёт ҳамоно норушан боқӣ мемонад.

Рустам Файзиев, муовини раиси Ҳизби Тараққиёт, ки шомили афроди гуруснанишин буд, зимни нишасти матбуотӣ дар робита ба қатъ ёфтани гуруснанишинии сиёсии шашрузаи аъзои ҳизб гуфт: "Ҳадафи аслии мо на танҳо ин буд, ки Ҳизби Тараққиёт аз суи вазорати адлия расман шинохта шавад. Мо бо иқдоми анҷом гирифта, ҳадаф доштем, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба вазъи мушкиле, ки Ҳизби Тараққиёт бо он ру ба руст ҷалб намуда, ҳамзамон рейтинги худро аз ин роҳ боло барем."

Рустам Файзиев афзуд, онҳо ба ин аҳдофи хеш то андозае даст ёфтанд. Аммо раиси Ҳизби Тараққиёт Султон Қувват бо ишора ба қонуншиканиҳои вазорати адлияи Тоҷикистон дар баробари ин ҳизб изҳор дошт, ки аз ин хусус ба додгоҳи байналмилалӣ шикоят хоҳад бурд. Дар поёни нишасти матбуотӣ раёсати Ҳизби Тараққиёт бо интишори як баёния, аз президент Раҳмонов барканории Халифабобо Ҳомидовро аз мақоми раҳбарии вазорати адлияи Тоҷикистон тақозо намуд.