Сутлон Қувватов ба ҳукумат ҳушдор дод


Холиқи Сангин



Нишасти матбуотии раиси Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон, Султон Қувватов, ки рузи 11 март доир гардид, бо пахши як баёния шуруъ шуд. Дар ин баёнияи ҳизб гуфта мешавад, фишорҳои паёпайи ҳукумат ва хомушии масъулони кишвар дар мавриди сабти номи ҳизб, аъзои онро водор намудааст, ки даст ба гуруснанишинии сиёсӣ зананд. Қарор аст, ин гуруснанишинии сиёсӣ аз ҷониби аъзо ва раёсати Ҳизби Тараққиёт аз фардо шуруъ гардад. Аммо ҳукумати шаҳри Душанбе гуфта мешавад, дар баёния бо баҳонаҳои беасос дархости аъзои ин ҳизбро барои баргузории гирдиҳамоӣ рад намуд.

Султон Қувватов дар ин робита гуфт: "Онҳо аз мансабҳояшон метарсанд, ки агар ҳизбҳо зиёд шаванд ва Тоҷикистон имруз не, ё фардо фарзанди беҳтарини худашро ёфта интихоб мекунад ва инҳо аз курсиҳои худ мераванд, асосаш ҳамин аст. Дигар ман асосе намебинам. Баъди ин мо ба як хулосаи дигар меоем. Нашуд мардумро ба митинг давъат мекунем. Қонунан талаб мекунам, якчанд маротиба огоҳ мекунам, вақте ки онҳо қонунро итоат накарданд, пас чаро мо қонуни инҳоро итоат кунем."

Дар нишасти матбуотии мазкур намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳамчунин хабарнигорони хориҷиву дохилӣ ширкат доштанд. Дар посух ба ин суол, ки оё Султон Қувватов омода аст, дар сурати тақозои ҳукумати Тоҷикистон ба хотири сабти номи ҳизб канор равад, у гуфт, ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин кор розӣ намешавад. Ва танҳо дар сурате, ки аъзои ҳизб ин тасмимро бигиранд, у омода аст, аз раҳбарии ҳизб даст кашад.

Дар поёни ин нишаст, Султон Қувватов ҳамчунин номаи саркушоди дигар ба унвони вазири адлияи Тоҷикистон ирсол дошт, ки дар он аз масъулин тақозо шудааст, дар ниҳоят мавқеи худ ва мушкилоти мавҷуд дар сабти номи ойинномаи ин ҳизбро рушан созанд.