Интернати Шаталов - мактаби ноқисулақлҳо


Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Мактаби харобу дурмонда аз чашми инсонҳои солим

Мактаб-интернати Шаталов дар 12 ноҳияи минтақаи Кӯлоб ягона мадрасаест, ки дар он кӯдакони ноқисулақл таълим мегиранд. Ин мактабест, ки садҳо нафар аз атфоли камақл дар водӣ метавонанд, дар он касб омӯзанд ва дар оянда баҳри худ, барои дарёфти қути лоямут замина муҳайё кунанд.

Дар бастагӣ ба мавзӯъ директори мактаб Сайвалӣ Идиев мегӯяд: "Моҳи сентябр кудаконеро ҷамъ мекунем, ки дардманданд, аз ҷиҳати ақл ноқисанд. Шууронкии онҳо то дараҷае нест, ки дар мактаби таҳсилоти умумӣ бихонанд. Кори мо ин аст, ки ин кӯдакон берун аз ҷамъият намонанд ва дар оянда як нола нона худашон ёфта бихӯранд."

Ва аммо замони ахир мактаб интернати мазкур рӯзҳои бадтар аз пиндорро аз сар мегузаронад. Оддитарин шароит дар интернат нест. Дар ҳоле ки 120 кудаки ноқисулақл бо гази табиӣ таъмин нестанд, ширкати "Барқи Тоҷик" интиқоли қувваи барқро моҳи чорум аст, ки ба интернат қатъ кардааст ва аз рӯи реҷаи 2-3 соат ба мактаб барқ медиҳанд: "Хеле сол шуд, ки аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашем. Мактаб-интренат дар як қишлоқҷой истодаасту касе моро ба назар намегирад. Барқро умуман намебинем. Барои хӯрок пухтан, аз деги бобоӣ ва аз ҳезуми тар истифода мебарем, ки худамон дар лаби ҷӯй шинонида будем."

Дар мавриде, ки ягона мактаб-интенат барои ноқисулақлон аз лутфу сармоягузории давлат бенасиб шудааст, қарори ахири ҳукумат дар бораи барҳамзании имтиёзҳои маълулон теъдоди кӯдаконро дар ин макон беш кард.

Коршиносон мегӯянд, дар мавзеъ зиёд будаанд, хонаводаҳое, ки танҳо ба хотири напардохтани пули газу барқ ингуна афтолро нигаҳбонӣ мекардаанд. Ҳамакнун ин гурӯҳи аз табиат зиёндидаи атфол рӯ ба раҳми худо овардаанд.

Ашёи хобгоҳҳои мактаб аз соли 1960 то ин ҷониб иваз нашудаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Қаламнисо Абдуқайюмова, раҳбари созмони ғайридавлатии "Заршедабону" бархе аз кӯдакон дар мактаб-интернат рӯи пружина ё худ оҳани печидаи катҳо, бе курпаву таксарӣ мехобидаанд: "Кӯдакон дар болои кроватҳои холӣ, пружинаҳои холӣ хобанд"

Созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар минтақа тасмим гирифтанд, ки дар ин шароит ба мактаб - интернат кӯмак расонанд. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ташкилотҳои ғайридавлатии "Заршедабону" ва " Умед" барои 120 тифли камақл 360 дона курпа, таксарӣ ва ҷойхоб дӯхтанд. Зулайхо Комилова раҳбари "Умед" мегӯяд: "120 матрас, 120 простин ва 120 курпа ба маблағи зиёда аз 800 доллари амрикоӣ ба онҳо кӯмак расонидем."

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи тақсими кӯмак аз ҳамин мактаб-интернат дидан кард. Ин манзарае буд, ки ниёз ба шарҳ надорад. Атфоли сармозада, онҳое, ки ҳатто намедонанд, чанд сол доранд, бо чашмони аз шодӣ ашкрез, курпаву болиштҳои нави худро оғӯш гирифта, тавоф мекарданд, мебӯсиданд, мебӯиданд ва сӯи хобгоҳ медавиданд: "Матрасомон даридагӣ буданд, кӯрпаҳомон яхелаш дарридагиай як хелаш не. Фамилияи ман Муслиддинов Бобохон, синфи панҷ мехонам, Ман яксолаам. Кӯрпаҳомон дарридагӣ буданд."

"Ман Фирдавс ном дорам. Имрӯз ман ҷили кӯрпа, Таксарӣ матрас гирифтам. Пеш аз инҳо надоштам."

Ман ҳам думболаи ин атфол вориди хонаҳои барҳавое мегардам, ки дар ҳар яки онҳо то 10-12 кати оҳанини фарсуда ҷойгиранд. Ин хонаҳо барқ умуман надоранд, газгузаронӣ нашудаанд ва дар кунҷҳои онҳо бухориҳои қадима ё худ печҳои буржуйка гузошта шудаанд. Ман ба ин бухориҳо даст мегузорам. Онҳо сарданд. Вале атфол, ки дар дохили бинои хобгоҳ ба истилоҳ "ҳафт қабат" либос доранд, мегӯянд, ки синфхонаву хобгоҳи гарм доранд: " Ман Шарифхонам, синфи 8. Шароити мо созай, созай!

"Ман Хисрав ном дорам. 14 солаам. Ман чӯбтарошӣ мехонам. Дару тиреза, сандуқ месозам. Агар мактабро тамом кунам, дар ягон ҷо кор мекунам, зиндагиамро меёбам."

Ҳасан 7 сол дорад. Ӯ дар сар ду кулоҳ ва дар даст дастпӯш дорад ва мегӯяд бо ҳамин либос мехобад. Ӯ ҳам мегӯяд, дар мактаб ҳама шароит муҳайё аст: "Ман Ҳасан ном дорам, аз Чармгарони Поёни Кӯлоб. Ҳоло дар танам жемпер, куртка, ду шапка, дасткашак ва дар поям мӯза дорам. Синфамон гарм аст. Аммо либосамро кашам хунук мехурам..."

Сайвалӣ Идиев - директори мактаб-интернат ба сӯҳбати мо халал мерасонад. Ӯ маро аз дастам гирифта ба шифт ишора мекунад ва мегӯяд, ки дар ин кунҷи бино бом мечакад: " Аллакай бино фарсуда шудааст ва бояд шифти онро иваз кунанд. Мана худатон шоҳид, ки дар болои сари мо об чакида истодааст, ки шифти ин аз тунука аст."

Директор ҳарос дорад, ки кадом рӯзе ин бом сари атфол фурӯ меравад. Ман акнун дарк мекунам, ки либосҳоям аз оби борон, ки аз шифт мерезад, тар шудаанд. Ман аз ҳозирин мепурсам, ки чаро ин атфол ҳақиқати ҳолро баён намедоранд. Онҳо аз кӣ ё аз чӣ метарсанд? Як мударрис гуфт, мо тарс дорем, ки ҳамин мактабро ҳам баъд аз шикваи мо мебанданд ва рӯзи ин атфол сияҳтар мегардад. Аз ин рӯ кӯдаконро гуфтем, ки аз чизе шиква накунанд.

Мактаб-интернати Шаталов дар 8 километрии шаҳри Кӯлоб мавқеъ дорад. Дар наздикии шаҳре, ки бояд ду сол ба баъд аз 2700 солагии он ҷашн бигиранд. Ва дар бастагӣ ба чорабиниҳои ин ҷашнвора ҳар ҳафта ё сарвазири кишвар ё ҷонишинҳои ӯ аз шаҳр ва объектҳои сохтмонӣ дидан мекунанд.

Аммо касе аз масъулин ин интернатро, ки бо номи "девонахонаи Шатал" маъруф аст, намебинад. Ва дар мавриде, ки барои эъмори шаҳр ҳукумат то охири соли 2004 19 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, баробар ба шашуним миллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст, атфоли камақл дар мактаб-интернати хеле сарду бебарқи Шаталов ба 10 дирам ниёз доранд. Онҳо ниёз доранд ва аммо баробари дидани ҳар бегонаи галстукдор тӯтивор дод мезананд: "РАҲМАТ! РАҲМАТ!!!" Онҳо ба кӣ ва барои чӣ раҳмат мегӯянд? Ин суолест, ки то ҳол дар вуҷуди ман посух меҷӯяд.