Президент ба Кулоб туҳфаи наврузӣ фиристод


Ҷалолиддини Фарҳодӣ



Асадулло Ғуломов - муовини сарвазири Тоҷикистон рузи душанбеи 1 март эълом дошт, ки шуруъ аз 5 то 21 марти соли равон ба аҳолии шаҳри Кулоб кумаки ғизоии президент Раҳмонов ирсол мегардад. Муовини сарвазир гуфт, ин туҳфаи наврузии раиси ҷумҳур ба шаҳри Кулоб аст. Интиқоли ин 500 тонна маводи ғизо ба Кулоб шуруъ шуд. Тибқи қарордод ба кулобиҳо 300 тонна орд, 60 тонна биринҷ, 70 тонна шакар ва 60 тоннаи дигар равғани растанӣ ҷудо шудааст. Гуфта мешавад, ин мавод усулан ба мардуми нодор, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат ва муаллимони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, ки маоши кучак мегиранд, қисмат мегардад.

Асадулло Ғуломов - муовини сарвазир масъулин ва раисони маҳаллаҳоро муваззаф кард, ки феҳрасти комили ниёзмандонро тартиб диҳанд ва ва кумаки президентро бе костагӣ ба мардум расонанд.

Коршиносон мегуянд, бахши умдаи аҳоли Кулоб ба кумаки ғизоӣ ниёз дорад. Зеро дар мавриде, ки корхонаҳо куллан аз фаъолият мондаанд, захоири хуроквории мардум ҳар баҳор тамом мешавад. Анна Виниченко - сарвари дафтари саҳроии Барномаи ҷаҳонии хуроквории СММ дар Кулоб мегуяд, барои аксари мардуми водӣ кумакҳои ғизоии хайрия ягона сарчашмаи мавҷудият шудаанд: "Воқеан дар мавзеъ оилаҳои зиёд ҳастанд, ки бе кумакҳои хайрия вуҷуд дошта наметавонанд. Ва дар ин маврид кумакҳои ғизоӣ ягона сарчашмаи мавҷудияти мардуми камбизоат шудаанд."

Тақсими кумаки хайрияи президент аз панҷуми март оғоз шуда, рузи Навруз ба поён мерасад.