Ҷалолиддини Фарҳодӣ
Дар як амалиёти фаврии кормандони раёсати вазорати амнияти миллӣ дар шаҳри Кӯлоб 20 тан аз аъзои "Ҳизб-ут-Таҳрир" боздошт шуданд. Абдуҷаббор Шамсов - додситони минтақа дар суҳбат бо хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки бар муқобили 6 нафар аз боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ боз гардид.
Ва аммо як манбаъи наздик ба вазорати амният бе ифшои ном ба Радиои Озодӣ гуфт, дар шаҳри Кулоб фаъолгардии маъракаи таблиғотии ҳамин ҳизб ба чашм мехурад, ки бар асари амалиётҳои фаврии вазорат 11 тан аз аъзои ҳизб зиндонӣ шудаанд ва бар муқобили онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз гардидаанд.
Ҳамин манбаъ афзуд, ки дар шаҳри Кулоб ситоди "Ҳизб-ут-Таҳрир" кашф гардид, ки фаъолияти се гуруҳи мухтори мубаллиғони ҳизбро зери назорат дошт. Аз ситод тарҳи хилофати исломӣ бо шумули минтақаи Кулоб ба ин хилофат, нақшаҳои корбарӣ ва ҷалби мардум ба ҳизб ёфт шудаанд. Дар суҳбат бо кормандони вазорати амният боздоштшудагон гуфтаанд, ки ба гуруҳҳо сокинони пойтахти кишвар роҳбар будаанд, ки ҳамакнун аз Кулоб фирор кардаанд.
Дар додситонӣ гуфтанд, ки қаблан ҳам гуруҳҳои таблиғотии "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар минтақа кашф шудаанд. Ҳамаи ин гуруҳҳо аз берун идора мешудаанд. Ба унвони мисол сарвари "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар ноҳия Восеъ, ки соли 2002 зиндонӣ шуд, сокини Душанбешаҳр буд.