Консул бо ноиби волии Петербург вохурдааст


Мирзои Салимпур



Сафорати Тоҷикистон ба манзури кумак ба аҳли хонаводаи Хуршеда Султонова ва назорати ҷараёни тафтиши парвандаи қатли ваҳшиёнаи ин кудаки нуҳсолаи тоҷик консули Душанбе дар Маскав Ҷурахон Қурбоновро ба Санкт-Петербург эъзом кардааст.

Дируз Ҷурахон Қурбонов пиромуни рафти тафтишоти ин парванда бо ноиби волии Санкт-Петербург Андрей Черненко як дидор ва гуфтугу анҷом дод.

Андрей Черненко дар ин мулоқот гуфтааст, барои ҳукумат ва мардуми ин шаҳр ҳам таъқибу муҷозоти чунин бадкорон фавқулодда муҳим аст.

Ожонсии ИТАР-ТАСС мегуяд, тафтишот ҳануз касеро дар робита ба ин парванда боздошт накардааст, вале интизор меравад тайи чанд рузи наздик аввалин натоиҷи кори муфаттишон маълум шавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов низ гуфтааст, ҷараёни тафтиши ин парвандаро пайваста зери назорат хоҳад дошт.