Машварати донорҳо дар Бритониё шуруъ шуд


Мирзои Салимпур



Рузи душанбе дар шаҳри Лондон нишасти фосилавии созмонҳо ва кишварҳои кумакрасони Тоҷикистон ба кор оғоз кард.

Ҳайъати Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш мушовири аршади раисиҷумҳур дар умури масоили иқтисодӣ Файзуллоҳ Холбобоев раҳбарӣ мекунад. Ҳайъати Тоҷикистон ҳамчунин вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири иқтисод ва тиҷорат Ҳаким Солиев ва раиси Бонки Миллии ин кишвар Муродалӣ Алимардоновро дар бар мегирад.

Сухангуи вазорати рушди байналмилалии Бритониё ба Родиёи Озодӣ гуфт, ҳадаф аз нишасти Лондон мутмаин сохтани давлати Тоҷикистон ба садоқати донорҳо дар иртибот ба тааҳҳудотест, ки онҳо пештар ба давлати Тоҷикистон дода буданд.