Муаммои сил дар Восеъ нокушода мондааст


Раҳматкарими Давлат



Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз мутаххасисон ва созмонҳои беҳдоштии ҷаҳон тақозо кардааст, ки муаммои бемории сил дар ноҳияи Восеъи ин кишварро ошкор ва ташхис кунанд, то ин ки мизони маргумири сокинони ин ноҳия коҳиш дода шавад.

Нусратулло Файзуллоев - вазири беҳдошти Тоҷикистон - дар ҷамъи хабарнигорон 23 январ бо нигаронӣ дар бораи ин беморӣ гуфт, беш аз 20 сол аст, ки сил дар ноҳияи Восеъ ҷануби Тоҷикистон ҷони ҳазорҳо сокинони ин минтақа, аз ҷумла кудакону занону ҷавононро рабудааст, аммо дар илоҷи он ниҳодҳои беҳдоштии кишвар заъифӣ мекунанд.

У афзуд: "Муаммои бемории сил дар Восеъ 20-30 сол аст нокушода мемонад. Ҳаминро мо ба назар гирифта, аз олимони ҷаҳон хоҳиш кардем, ки як гуруҳи худро ба таҳқиқи ин беморӣ ба ноҳияи Восеъ фиристанд ва омузанд, ки чаро беморони сил дар ин ҷо зиёданд. Як намояндаашон аз Қазоқистон омада бо кумаки созмони амрикоии СИ ДИ СИ кор кард ва гуфт, ки дар ҳақиқат беҳад муаммои мушкил аст ва беҳуда ин қадар умри дароз надорад. Ин муаммо солҳои тулонӣ дорад."

Ахиран, бо пешниҳоди Вазорати Тандурустии Тоҷикистон намояндагии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар ноҳияи Восеъ ҷануби Тоҷикистон як семинар баргузор намуд, ки беш аз 50 кормандони бемористонҳои ноҳия бо нозукиҳои табобати бемории сил ва ҷилавгирӣ аз сил омузиш дода шуданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар наздиктарин руз як ҳайъати мутахасиссони худро озими ноҳияи Восеъ кунад. То ин ки вазъро як бори дигар мавриди омузиш қарор дода барои ҳукумат ва созмонҳои байналмиллалии беҳдоштӣ гузориш омода кунад.

Вазири беҳдошти Тоҷикистон, Нусратулло Файзуллоев гуфт, дар ҳоли ҳозир аз тарафи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт миқдоре давоҳои гаронқимат ба мардуми деҳкадаҳои ноҳияи Восеъ расонида шудааст. Ахиран, ин вазорат барои таъмини беморхонаи ноҳияи Восеъ бо барқ як дизели барқӣ кумак кардааст.