Дар сарҳад се марзбони тоҷикро куштанд


Искандари Хоҷа Мирзода



Хабаргузории "Итар Тасс" аз шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, ки афроди ношинос дар минтақаи бадахшонии марзи Тоҷикистону Афғонистон се марзбони тоҷикро ба қатл расонида. як нафарро захмӣ кардаанд.

Ба навиштаи хабаргузорӣ бархурди мусаллаҳона миёни марзбонон ва гуруҳи номаълум шаби душанбе дар 50-100 метрии хатти марзи Тоҷикистону Афғонистон ба вуқуъ пайвастааст.

Дар ситоди Кумитаи давлатии ҳифзи марзҳои Тоҷикистон аз шарҳи ин хабар "то гирифтани маълумоти дақиқ", худдорӣ кардаанд. "Итар Тасс" хабар медиҳад, ки 21 январ муовини раиси Кумитаи ҳифзи марзҳои Тоҷикистон Алиназар Давлатмамадов ба шаҳри Хоруғ, маркази вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон сафар мекунад.